Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Амрико дар Саудӣ ҷойгир карда мешаванд


Шоҳи Арабистони Саудӣ иҷозат додааст, то нерӯҳои Амрико дигарбора пас аз соли 2003 дар ин кишвар ҷойгир карда шаванд. Амрико дар он сол барои сарнагун кардани Саддом Ҳусейн дар Ироқ нерӯҳояшро ба Арабистони Саудӣ оварда буд.

Хабаргузории давлатии СПА-и Саудӣ аз қавли вазорати дифои ин кишвар навишт, ”Бар асоси ҳамкорӣ миёни Арабистони Саудӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва майли ду тараф барои таъмини амнияту субот дар минтақа, Шоҳ Салмон ба мизбонии нерӯҳои Амрико иҷоза дод.” Мақомоти Саудӣ ҷузъиёти созиши ду тарафро ошкор накардаанд, аммо мақомоти баландпояи вазорати дифои Амрико ба хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” гуфтаанд, ки баъзе аз сарбозон ва системаи мудофиаи ҳавоии Патриотро ба пойгоҳи Султон бурдаанд.

Ба гуфтаи мақомот, сарбозон ин пойгоҳро барои қабули ҳавопаймоҳо ва сарбозони иловагӣ омода мекунанд. Онҳо охири тобистон ба пойгоҳ меомадаанд. Амрико дар Ховари Миёна чанд пойгоҳ дорад ва нерӯҳояш аксаран дар кишварҳои арабии шарикаш ба мисли Қатар, Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ҷойгиранд. Арабистони Саудӣ як шарики аслии Амрико ба ҳисоб меравад ва Иёлоти Муттаҳида дар симои он кишвареро мебинад, ки метавонад, монеи нуфузи Эрон дар Ховари Миёна шавад.

XS
SM
MD
LG