Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курт Волкер қарори Русияро танқид кард


Курт Волкер
Курт Волкер

Курт Волкер, фиристодаи махсуси Амрико барои Украина гуфт, осон кардани гирифтани шаҳрвандии Русия барои сокинони вилоятҳои Донетск ва Луганск монеи талошҳо барои хотимаи ҷанг дар шарқи Украина мешавад. Дар ин ҷанги панҷсола дар Украина ҳазорон нафар куштаву захмӣ шудаанд. Волкер рӯзи 18-уми июл дар Твитер навишт, қарори Русия мисли “магаси озордиҳанда дар рӯи инсон аст ва мухолифи рӯҳияи мувофиқатномаҳои сулҳи Минск аст.

Ӯ аз Русия хост, аҳдҳои додааш бар асоси ин созишро иҷро кунад. Созиши оташбасе, ки бар асоси мувофиқатномаҳои моҳи сентябри соли 2014 ва феврали соли 2015 ба даст омаданд, ба кам шудани ҷанг мусоидат карданд. Талаботи аслии мувофиқатнома, қатъи комили даргириҳо, берун кашидани аслиҳаи вазнин аз ҷабҳа, табодули асирон ва дастрасии бемамониати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар тамоми минтақаҳои даргирӣ аст.

XS
SM
MD
LG