Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон 177 шаҳрвандашро аз Сурия бозмегардонад


Узбекистон ба бозгардонии 177 шаҳрвандаш аз Сурия омодагӣ мебинад. Дар ин бора мақомоти Узбекистон хабар доданд.

Шаҳрвандоне, ки қарор аст, баргардонида шаванд "дар урдугоҳи "Ал-Хол"-и вилояти Хасеки Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Шахсияти онҳо муайян шудааст. Аз ин шумор 48 тан зан ва боқимонда кӯдакон ҳастанд".

Мақомоти Узбекистон 30 май 156 танро бо ҳавопаймои махсус аз Сурия ба Тошканд оварданд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, президенти он кишвар шахсан дастури баргардонии шаҳрвандонро аз Сурия додааст. Мирзиёев баъдтар эътироф кард, ки раванди баргардонии шаҳрвандон душвор буд.

"Бо мушкилии зиёд баргардонидем. Ҳавопаймое, ки фиристода будем, аз нисфи роҳ баргашт. Шахсан ба ман тамос гирифта, гуфтанд, ки ҳавопайморо суқут медиҳанд. Ман дастур додам, ки ҳавопаймо дар Озарбойҷон нишинад. Мо панҷ автобус фиристодем, танҳо ду автобус баргашт. Бештари занҳоро надоданд",-гуфт Мирзиёев дар як ҷаласа.

Президенти Узбекистон афзуд, ки сабаби ба минтақаҳои ҷангӣ рафтани узбекистониҳо мавҷуд набудани шароит дар кишвар аст. Вай гуфт, ки бояд ин мушкил рафъ шавад.

Хабар дода мешавад, бархе аз онҳое, ки моҳи май аз Сурия баргардонида шуданд, ба додгоҳ ҷалб ва боқимондаҳо ба корҳои ислоҳӣ фаро гирифта шуданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG