Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қазоқ пас аз 11 рӯзи ҳабси маъмурӣ дубора боздошт шуд


Сокини шаҳри Алмато Калас Нурпеисовро, ки дар ҷараёни эътирозҳои 6 июл дастгир ва 11 рӯз ҳабс шуда буд, субҳи 17 июл бо ҷурми "иштироки дубора дар тазоҳуроти беиҷозат" боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд.

Наздикони Нурпеисов мегӯянд, фаъоли қазоқ бар асоси банди "Иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол дода шудааст. Талошҳо барои дарёфти назари Департаменти пулиси Алмато дар ин замина бенатиҷа буданд.

Вакили дифои Нурпеисов, ки худро Абзал муаррифӣ кард, гуфт, дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дошта, ҳамзамон бо шахси зери ҳимояаш "корҳои фаҳмондадиҳӣ" анҷом дода мешавад.

​Ба гуфтаи наздикони боздоштшуда, Нурпеисов дар ҷараёни эътирозҳои 1 ва 9 майи соли равон низ дар Алмато боздошт шуда буд ва ахиран ӯро бидуни шарҳ аз ҷои кораш ронданд.

Пулиси Қазоқистон 6 июл дар ҷараёни эътирозҳои беиҷозат дар Нурсултон, Алмато ва шаҳрҳои дигари ин кишвар садҳо нафарро дастгир кард. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ саркӯби эътирозҳои осоиштаро дар Қазоқистон шадидан танқид карданд.

XS
SM
MD
LG