Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: шарти иваз кардани "ҳама бо ҳама" пешниҳоди Путин аст


Владимир Зеленский, президенти Украина пешниҳод кард, ки ивази зиндониён бо услуби "ҳама бо ҳама" аз 24 маллоҳи украин шуруъ шавад, ки мақомоти Русия моҳи ноябри соли 2018 дар соҳили Қрими ишғолӣ боздошт карданд.

Зеленский дар ин бора дар барномаи телевизионии "Ошкоргӯӣ бо президент" суҳбат кард. Вай гуфт, ин қадами "муътадил"-е хоҳад буд дар масири қатъи ҷанг ва барқарории муколама миёни Русияву Украина.

Ба гуфтаи президенти Украина, шарти ивази "ҳама бо ҳама"-ро президенти Русия ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ пешниҳод кардааст. Аммо, Зеленский мегӯяд, мушкил ин аст, ки рӯйхати тартибдодаи Киев бо рӯйхати тартибдодаи вилоятҳои Донетску Луҳанск мувофиқат намекунад. Ба ҳамин далел, вай пешниҳод дорад, ки табодули зиндониён аз 24 маллоҳи украин шуруъ шавад.

Нахустин суҳбати телефонии Владимир Зеленский бо президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11 июл баргузор шуд.

Додгоҳе дар шаҳри Москва рӯзи 17 июл муҳлати ҳабси 24 маллоҳи украинро се моҳи дигар тамдид кард. Пештар аз ин Зеленский аз Путин хоста буд, ки маллоҳонро раҳо кунанд. "Ҳамаи мо фарзанд дорем, волидонро ба фарзандонашон баргардонед",-гуфта буд президенти Украина.

25 ноябри соли 2018 дар наздикиҳои соҳили нимҷазираи аз сӯи Русия ишғолшудаи Қрим мақомоти Русия се киштии ҳарбии Украинаро ғасб ва 24 маллоҳро боздошт карданд. Русия низомиҳои украинро дар убури ғайриқонунии марз айбдор мекунад. Ин айб то 6 соли зиндон дар пай дорад.

Киев маллоҳони боздоштшударо маҳбусони низомӣ меномад. ИМА, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Украина ҳимоят мекунанд. Бино бар қарори Додгоҳи байналхалқии СММ дар умури ҳуқуқи баҳрӣ, Русия мебоист, маллоҳонро то 25 июн раҳо кунад, аммо Москва ин талаботро иҷро накард.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG