Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон интиқоли барқро ба Узбекистон шуруъ кард


Бино бар созиши ҳосилшуда миёни мақомоти масъули Қазоқистону Узбекистон, давоми соли 2019 аз Қазоқистон ба Узбекистон бештар аз 1 млрд кВ/соат барқ интиқол дода хоҳад шуд. Дар ин бора вазорати энержии Қазоқистон иттилоъ медиҳад.

Интиқоли барқ шуруъ шуда ва аз охири моҳи июн то 17 июл ба Узбекистон 145 млн кВ/соат барқ ворид шудааст. Бар асоси шартнома, дар сурати сар задани ҳолатҳои пешбининашуда, Қазоқистон ҳақ дорад, интиқоли барқро ба Узбекистон маҳдуд ё қатъ кунад.

Талаботи Узбекистон ба барқ 69 млрд киловатт/соатро ташкил медиҳад. Ин кишвар тавоноии истеҳсоли 64 миллиард киловатт/соат барқро дорад. Ба таҳлили коршиносон, то соли 2030 талаботи Узбекистон ба неруи барқ ба 117 млрд киловатт/соат мерасад. Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, бо сохтани неругоҳи атомӣ мушкили норасоии барқро ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG