Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зодгоҳи Мирзиёев кормандони буҷавиро ба кӯчарӯбӣ бароварданд


Дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон 17 июл ба ҳарорати беш аз 45 дараҷа гарм будани ҳаво нигоҳ накарда кормандони муассисаҳои давлатии ноҳияи Зоминро ба рӯбучини роҳи мошингарди "Даштобод-Зомин" бароварданд.

"Ба ҷуз аз мо, онҷо ҳудуди 100 каси дигар -- ҳамшираҳо ва кормандони дигари техникии бунгоҳҳои тиббӣ низ буданд. Ба ҳар як кас минтақаеро ҷудо карда доданд, то тоза кунанд. Мо атрофи роҳро дар ҳудуди деҳаи "Лайлакуя" тоза кардем",-гуфт як корманди ҳукумати ноҳияи Зомин.

Як ҳамшираи бемористони ноҳияи Зомин гуфт, рӯзе, ки онҳоро иҷборан ба рӯбучини роҳ бароварданд, ҳарорати ҳаво 41 дараҷа гарм буд. "Албатта ин ҳарорати ҳаво дар соягӣ аст. Дар ҷойҳои офтобӣ 55-60 дараҷа буд. Агар ба тозакунии роҳ намерафтем, ҷои кори худро аз даст медодем",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

"Дастури раҳбарияти вилоят буд. Ба он ҳеч кас эътироз карда наметавонист",-изҳор дошт яке аз ҳамшираҳои дигар.

Вале намояндагони ҳукумати Зомин иҷборан ҷалб шудани кормандони буҷавиро ба тозакунии роҳо рад мекунанд. "Ҳама бо ихтиёри худ баромада буданд. Тоза кардани гирду атрофи роҳ чӣ бадӣ дорад?!", - гуфт намояндаи ҳукумати Зомин.

Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тошканди расмиро барои ҷалби кормандони буҷавӣ ба меҳнати иҷборӣ танқид кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зодаи ноҳияи Зомини аст.

XS
SM
MD
LG