Ба иттилои сомонаи inbusiness.kz дар Ҷоми президенти Қазоқистон ҳамагӣ 155 муштзан (122 мард ва 33 зан) аз Алҷазоир, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Сурия, Тоҷикистон, Узбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 муштзан дохил аст:
Бахтовар Сагизов (57 кг), Баҳодур Усмонов (63 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кг), Шаббос Неъматуллоев (81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) миёни мардон, Миҷгона Самадова (57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (60 кг) миёни занон.
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 16-уми июл - ду варзишгари тоҷик пирӯзӣ ба даст оварданд. Бахтовар Сагизов бар Аррат Байан аз Булғористон бо ҳисоби 3:2 дастболо гардид. Қаҳрамони Осиё Баҳодур Усмонов ба иллати аз сабқат даст кашидани рақибаш Шалва Питсхелаури аз Гурҷистон бидуни рақобат ғолиб дониста шуд.
Давр даври дувуми мусобиқа имрӯз, 17-уми июл, Бахтовар Сагизов бо Миразизбек Мирзоҷалилов (Узбекистон) ва Баҳодур Усмонов бо Дилмурод Маҷидов (Қазоқистон) рақобат мекунанд.
Имрӯз инчунин боз панҷ муштзани тоҷик вориди рақобатҳо мешаванд. Дар сабқати мардон Бахтиёр Мирзомуҳаммад бо Юнус Немоучӣ (Алҷазоир), Шаббос Неъматуллоев бо Ерлик Алжанов (Қазоқистон) ва Сиёвуш Зуҳуров бо Нурболат Сермаҳанов (Қазоқистон) қувваозмоӣ мекунанд.
Дар сабқати занон Миҷгона Самадова бо Сония Султонқизӣ (Қазоқистон) ва Шоира Зулқайнарова бо Ронг Жанг (Чин) рӯбарӯ мешаванд.
Мусобиқа аз рӯи ҳашт вазн миёни мардҳо ва панҷ вазн миёни занон то рӯзи 20-уми июл идома хоҳад кард. Ғолибон дар ҳар як вазн бо ҷоизапулӣ ба маблағи 2000 доллари ИМА сарфароз мегарданд. Барои ҷойи дуюм 1000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 500-долларӣ супурда мешавад.
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся
Бузургони ахли санати сатхи чахони, точикони сатхи Ибн Сино ва Мавлоно Руми дар сохаи худ. Рухашон шод бошад.
Ягона рохи кумак ба мардуми точикистон ин тарнимхоро нисбат ба рахмон ва оилааш ва тими ятимов ва рахимов мебошад. The only way to support the the human rights issues in Tajikistan is that the US along with others international community have to impose sanctions against rahmon and his family and the team of Yatimov and Rahimov. Otherwise its just words, we need actions
Агар бо мардум бо роххои конуни ва осоишта муомила НАКАРДЕД?!ба муборизахои ЧИРИКИ нисбататон аз чониби мардум ОМОДА бошед!!!Таьрих СОБИТ кардааст муборизаи ЧИРИКИ(партизани)ба маротиб ба чониби мукобил ГАРОНТАР аз муборизахои РУИРОСТ меафтад!!!Чирикихои солхои1941-1945ин гуфтахои манро ИСБОТ кардаанд ин тахдид НЕСТ ин ХУШДОРИ бародарона аст.