Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек коргоҳе ошкор шуд, ки баробари чанд шаҳрак барқ истифода мекард


Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ё пулиси молии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек коргоҳеро пайдо кард, ки фаъолияташ ба буҷаи шаҳр хисороти калоне овардааст. Мақомот мегӯянд, ин коргоҳи мейнинг-ферм (истеҳсоли асъори рақамӣ) ғайриқонунӣ фаъолият мекард.

Пулиси молии Қирғизистон мегӯянд, чунин ҳодиса дар кишвар бори аввал ошкор мешавад. Мақомот гуфтанд, ширкат қонуншиканиҳое амсоли "саркашӣ аз пардохти андоз", "саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ" ва "қонунигардонии даромадҳои номашруъ"-ро содир кардааст.

Шаҳрвандони Чину Қирғизистон дар якҷоягӣ ширкати мазкурро ташкил карда, гӯё ба сохтан ва нашри барномаҳои компютерӣ машғул будаанд. Аммо мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, онҳо "суратҳисобҳои худро бо маблағҳои аз роҳи ғайриқонунӣ бадастоварда пур карда, ҳеҷ гуна маҳсулоте истеҳсол намекарданд ва андоз ҳам намесупориданд".

Ин ширкат дар соли 2018 наздики 300 ҳазор доллар даромад доштааст.

"Ширкат дар моҳ то 6-7 мегаватт неруи барқ истифода мекард, ки ҳаққи истифодаи он ба 13-14 миллион сом мерасид. Бо ин барқ чанд шаҳраки Бишкекро мешуд таъмин кард",-хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дошта, хисороти дигари расонидаи ширкат муайян мешавад.

XS
SM
MD
LG