Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, ба Туркия ҳавопаймоҳои F-35-ро намефурӯшад


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе тасмим гирифт, ки ба Анқара зарбазанҳои замонавии амрикоии F-35 фурӯхта нашавад. Ин тасмим дар посух ба интиқоли бахши аввали системаи мушакии русии С-400 ба Туркия гирифта шуд.

Қарори манъи фурӯши 116 ҳавопайморо дар Вашингтон мунтазир буданд, вале Департаменти давлатии ИМА аз додани вокуниши расмӣ дар ин замина то изҳороти президент худдорӣ мекард.

Пентагон нигарон аст, ки агар ҳавопаймоҳои F-35 ба Туркия бирасанд, Русия бо кумаки радари С-400 метавонад маълумоти муҳимеро дар бораи низоми муҷаҳҳазсозии зарбазанҳо ба даст орад.

Тасмими Трамп ҳамчунин ширкати туркиро аз ҳаққи истеҳсоли қисмҳои F-35, ки дар доираи созишномаи ҳамкории Анқара ва НАТО сурат мегирифт, маҳрум месозад. Туркия аз ин ҳисоб беш аз дусад миллион доллар даромад ба даст меовард. Трамп ба ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои F-35 - “Локхид-Мартин“ шахсан ваъда дод, ки барои ҷуброни зарар созишномаи иловагиеро бо он имзо хоҳад кард.

Созиши Анқара бо Москва дар бораи доду ситади низоми зиддимушакӣ боис шуд, ки байни Туркияву ИМА таниш сар занад. ИМА бовар дорад, маҷмуаи С-400 барои ҳавопаймоҳои амрикоии тирандози F-35 хатар эҷод мекунад. Дар Вашингтон гуфта буданд, ки дар сурати харидории муҷтамаи зиддимушакӣ Анқараро аз хариди F-35 маҳрум мекунанд.

Вашингтон ҳамчунин Туркияро аз эҳтимоли эъломи таҳримро огоҳ кард.

XS
SM
MD
LG