Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадрид ба Тошканд пешниҳод кард, саёҳати дучархасавориро рушд диҳад


Ширкати Truebasport аз Испания пешниҳод кард, ки дар Узбекистон сайёҳати дучархасаворӣ рушд дода шавад. Дар ин бора Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Узбекистон хабар медиҳад.

Намояндагони ин кумита дар робита ба рушди варзиши дучархасаворӣ ҳамчун яке аз роҳҳои боло бурдани иқтидори сайёҳии кишвар, мулоқот баргузор кардаанд. Дар ин мулоқот Беҳрӯз Ҳамзаев, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии Узбекистон, намояндаи Федератсияи варзиши дучархасавории Узбекистон, раиси ширкати Truebasport Фермин Труба ширкат карданд. Намояндагони Узбекистон ба ширкати испании Truebasport пешниҳод карданд, ки сайёҳати байналхалқии муштараки дучархасаворӣ ташкил шавад.

"Ин лоиҳа ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ имкон медиҳад, ки дар саросари Узбекистон бо дучарха сайёҳат кунанд. Лоиҳа ҳамчунин ба рушди тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд", - менависад сомонаи Федератсияи варзиши дучархасавории Узбекистон.

XS
SM
MD
LG