Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чеченистон овозхонҳо бе иҷозати мақомот дигар суруд намехонанд


Вазири фарҳанги Чеченистон Хож-Баудӣ Дааев ба овозхонҳо бидуни иҷозати мақомот хондани сурудро манъ кард. Ба гуфтаи ӯ, "ин кишвар падар, ҳукумат ва қонун" дорад.

Дааев гуфт, сарояндаҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар миёни ҳамватанони худ машҳур шудаанд, дигар ҳақ надоранд, бе иҷозат сурудҳои худро нашр ё барномаи консертие баргузор кунанд.

Мулоқоти вазири фарҳанги Чеченистон бо овозхонҳоро ширкати давлатии телевизион ва радиои "Грозний" нишон дод.

Дар гузориши телевизион омадааст, вақтҳои охир саҳифаи YouTube ба майдоне табдил ёфтааст, ки ҳама худро дар он сароянда номида, берун аз қоида ва оини чеченӣ баромад мекунанд.

"Сарояндаҳои Чеченистон бояд либосҳои ҷиддӣ ва баромади оддӣ дошта бошанд. Имрӯз бархе аз ҳунармандон худро тавре нишон медиҳанд, ки аз чаҳорчӯбаи меъёрҳои ҷорӣ дар кишвар берун аст",-мегӯяд хабарнигори телевизион.

XS
SM
MD
LG