Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Олмон раҳбари Комиссияи Аврупо шуд


Вазири дифои Олмон Урсула фон дер Ляйен раҳбари Комиссияи Аврупо интихоб шуд. Дар ин бора нашрияи Politico хабар дод.

Урсула фон дер Ляйен дар ин мақом Жан-Клода Юнкерро иваз ва корро аз 1 ноябри соли равон оғоз хоҳад кард.

Урсула фон дер Ляйен, президенти тозаинтихоби Комиссиюни Аврупо рӯзи 16 июл зимни суханронӣ дар Страсбург, дар Парлумони Аврупо баъди овоздиҳии пӯшида гуфт:

“Боварие, ки шумо ба ман кардед, ба маънои эътимод ба Аврупо аст – ин эътимод ба як Аврупои муттаҳид ва қавӣ аз шарқ то ғарб, аз ҷануб то шимол аст. Ин эътимод ба Аврупоест, ки на барои мубориза алайҳи ҳамдигар, балки барои оянда равона шудааст. Ин эътимоди шумо ба Аврупо аст, ки бо азимтарин мушкилот рӯбарӯ аст. Ман ҷиддан дар фикри вазифаҳое ҳастам, ки дар пеши мо истодааст ва ин масъулияти азим аст, ки корро сари он ҳамин ҳоло шурӯъ мекунам".

Урсула фон дер Ляйен нахустин зане шуд, ки мақомоти иҷроияро дар Иттиҳоди Аврупо раҳбарӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин аввалин зане буд, ки вазири дифои Олмон таъйин шуд. Урсула фон дер Ляйен 17 июли соли равон аз мақоми вазирии дифои Олмон канор хоҳад рафт.

Ба ҷонибдорӣ аз номзадии Урсула фон дер Ляйен ба мақоми раҳбарии Комиссияи Аврупо 387 вакил раъй дода, 327 каси дигар зид баромаданд.

XS
SM
MD
LG