Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро шоҳдухтар Ҳаё аз қасри Дубай ва ҳамсари шоираш гурехт?


Фирори ҳамсари хурдии сарвазири Имороти Муттаҳидаи Араб ва хоҳари шоҳи Урдун ба Ғарб моҷарои байнулмилалӣ ангехт. Шоҳдухтар Ҳаё бинти Ҳусейни 45-сола ҳамсари худ ва ҳукумати Иморотро дар таҳдид, шиканҷа ва зӯран маҳдуд кардани озодиҳо, аз ҷумла, озодиҳои хешовандонаш, муттаҳам кардааст.

Худи амири ба истилоҳ шармсоршуда Муҳаммад бин Рашид ал-Мактум бо шеър посух дода, иддао кардааст, ки ҳамсараш бо як афсари собиқи бритониёӣ робитаи ошиқона дошт ва ӯ инро фош карда, акнун ба додгоҳи Лондон шикоят бурдааст.

Қарор аст 31 июл дар Лондон мурофиаи аввали додгоҳӣ баргузор шавад. Қиссае, ки ҷузъиёти моҷароҳои дарднок ва дар бархе ҳолатҳо хеле маҳрамонаро фош мекунад, арзиши сужаи як филми бадеии хуберо дорад, вале дар асл аллакай боиси эҷоди ихтилофу танишҳо дар робитаҳои чандин давлат шудааст. Ба баҳси мазкур созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ҷалб шуда, мавзӯи ҳуқуқи зан дар ҷомеаи арабро ҳам бори дигар матраҳ намуд.

Зиндагии афсонавӣ дар қасрҳо

То сар задани моҷарои ахир зиндагии Ҳаё бинти Ҳусейн як афсонаро мемонд: ӯ хоҳари шоҳи Урдун Абдулло буда, 10 апрели соли 2004 ҳамсари муовини президент, нахуствазири Имороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳрдори Дубай шайх Муҳаммад ибн Рашид Ал-Мактум шуд. Аз миёни шаш ҳамсари қонунии шайх, Ҳаё бештар аз дигарон дар мазҳари ом пайдо мешуд ва хеле шинохташуда буд.

Дар бисёр маъракаву маросимҳои расмии сатҳи минтақаву байналмилалӣ бештар аз дигарон аксар вақт маҳз Ҳаё ҳамсарашро ҳамроҳӣ мекард ва дар маросими истиқболи меҳмонҳои хориҷӣ ва раҳбарони кишварҳои мухталиф баробар бо ҳамсараш аз минбар сухан меронд. Барои як ҳамсари давлатмарде аз Халиҷи Форс ин ҳолат ҳамеша ғайримаъмулӣ қабул мешуд. Агар дар маъракаҳои дохили Имороти Муттаҳидаи Араб шоҳдухтар Ҳаё бо сарулибоси нисбатан хоксору сарпӯшида ҳозир мешуд, дар сафарҳои хориҷӣ мисли ҳама дигар бонувони сарватманду маъруфи ғарбӣ либосҳои беҳтарини аврупоиро ба бар мекард. Ҳаё ҳамеша ба сӯҳбат бо журналистон ва аксгирӣ омода буд.

Шоҳдухтар мактаби ибтидоиро дар Урдун хатм карда, таҳсили миёнаву олиро дар Бритониё гирифтааст. Ӯ инчунин дар мактаб-интернати духтаронаи Бадминтон таҳсил кардааст, ки замоне дар он нахуствазири собиқи Ҳинд Индира Гандӣ ҳам таҳсил карда буд. Ӯ дорандаи дипломи бакалавр дар риштаи фалсафа, сиёсат ва иқтисоди коллеҷи Ҳилдаи муқаддаси донишгоҳи Оксфорд буда, ба англиву фаронсавӣ сӯҳбат мекунад ва чаҳор забони хориҷии дигар, аз ҷумла русиро мефаҳмад.

Ҳаё бинти Ҳусейн аспдавониро дӯст медошт ва дар 13-солагӣ кишвари худро дар як мусобиқаи байналмилалӣ намояндагӣ кардааст. Соли 1992 ӯ дар бозиҳои арабии аспдавонӣ барандаи нишони биринҷӣ ва танҳо зане шуд, ки дар тамоми таърихи ин бозиҳо ба чунин муваффақият ноил гаштааст.

Соли 2000-ум маҳз ӯ парчамбардори ҳайати варзишгарони Урдун дар бозиҳои олимпии Австралия шуд ва дар бахши ё аспдавонӣ ҳам иштирок кард. Соли 2002-юм аввалин зани арабе буд, ки дар Ҷоми ҷаҳонии аспдавонӣ дар шаҳри Ҳереси Испания иштирок кард. Соли 2005 ӯро ба мақоми президенти Федератсияи байналмилалии аспдвонӣ ва узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ интихоб карданд.

Вале муддате пеш ин зан маъруфияти дигаре касб кард: ӯ намунаи барҷастаи хонаводаҳои шоҳии арабӣ шуд, ки гуфт, фишору хушунатро таҳаммул намекунад ва оилаашро тарк кард. То ӯ чандин зане аз хонаводаҳои салтанатӣ, ки маъмулан нақши ҳамсару духтарони безабону мазлумро бозӣ мекунанд, талош карданд хонаҳои худро тарк карда, дар кишварҳои пешрафтаи Аврупову Ғарб зиндагӣ ихтиёр кунанд.

Бонувони гурезпо

Шоҳдухтар Ҳаё зани сеюм аз хонаводаи ҳокими Дубай шуд, ки талош кард, аз хона фирор кунад ва то ҳол танҳо ба ӯ муяссар шуд, ки воқеан ҳам дар хориҷа сарпаноҳ биёбад. Фарзандонаш Заидаи 7 ва Ал-Ҷалилаи 11-соларо ҳам бо худ бурд. Ҳаё аз моҳи феврал дар мазҳари ом пайдо нашуда буд ва ахиран дар Олмон аз худ дарак дод.

Ӯ аз мақомоти ин кишвар хост, ки барояш ҳақи паноҳандагӣ бидиҳанд ва ҳам ба додгоҳ муроҷиат кард, ки ӯро бо ҳамсараш ҷудо кунанд. Баъдан маълум шуд, ки ӯ дар Лондон дар хонаи боҳашаматаш зиндагӣ мекунад, ки 107 миллион доллар арзиш дорад. Ҳамроҳ бо худ шоҳдухтар 39 миллион доллар пули нақд гирифтааст.

Матбуоти ғарбӣ навишт, ки Ҳаё бинобар таҳдид ба ҷонаш, аз Иморот фирор кард. Баъди ба додгоҳи олии Лондон ворид шудани аризаи ҳамсараш дар бораи талоқ, ӯ ҳам ба ин додгоҳ шикояти ҷавобӣ бурд.

Фирори ҳамсари нахуствазир боиси тунд шудани робитаҳои дипломатии миёни Имороти Муттаҳидаи Араб аз як тараф ва Бритониёву Олмон аз тарафи дигар шуд. Бар асоси бархе хабарҳо, ҳамсари 69-солаи ӯ Муҳаммад ибн Рашид ал-Мактум ба мақомот дар Берлину Лондон муроҷиат карда, талаб намудааст, ки ҳамсар ва ду фарзандашро бозпас бидиҳанд. Вале ҳар дафъа посухи рад гирифтааст. Бародари ӯ шоҳи Урдун Абдулло ҳам дар як ҳолати баде қарор гирифт.

Нахуствазир, шаҳрдор, шоир, ислоҳотхоҳ

Шайх Муҳаммад, шавҳари Ҳаёро дар Ғарб ба унвони нафаре арзёбӣ мекарданд, ки ҷонибдори ислоҳот ва тағйирот аст. Дороиҳои шахсии ӯ 12 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Худи Ал-Мактум дар навсозии симои шаҳри Дубай ва табдили он ба як пойтахте дар сатҳи ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Масалан, ӯ яке аз муассисони ширкати ҳавоии Emirates ва ҳам бунёди Бурҷи Халифа мебошад.

Барои ҷомеа ва матбуот умқи баҳси миёни ҳамсарон чандон маълум нест, танҳо чанд фарзияе вуҷуд дорад, ки ба решаҳои моҷаро ишора мекунад. Масалан, нашрияи бритониёии Sun менависад, шайх Муҳаммад ҳанӯз дар Лондон ба вуҷуди муносибатҳои маҳрамонаи ҳамсараш бо як муҳофизи ҷавон ва собиқ афсари нерӯҳои вижаи артиши Бритониё шубҳа кардааст.

Гӯё шоҳдухтар аз муддатҳо ба ин ҷавон тӯҳфаҳои гарон тақдим карда, бо ин кораш мавриди шубҳаи ҳамсар шудааст. Баъдан, гӯё як дафъа ӯ ба манзилаш бидуни огаҳӣ омада, ин ду нафарро дар ҳолати бисёр машкук дарёфтааст. Шайх гуфтааст, ки рафтори ҳамсараш ӯро таконзада кард, вале ӯ танҳо бо забон аз ӯ хостааст, ки ба Иморот баргардад. Шоҳдухтар гуфтааст, ки гапи ӯро намегирад.

Моҳи июн як дӯсти наздики шайх дар шабакаҳои иҷтимоӣ шеъреро нашр кард, ки зоҳиран ба қалами ҳамсари Ҳаё тааллуқ дорад ва ба таври ғайримустақим "хиёнат ва дурӯғи ҳамсар"-ро фош мекунад. Тарҷумаи таҳтуллафзии матни шеър чунин аст:

“Хатоҳое ҳаст, ки хиёнат ном дорад,

Ту ҳама марзҳоро убур кардӣ.

Ту эътимоди маро аз даст додӣ.

Дарди ман бозии туро фош мекунад.

Агар ҳам ҷаҳон дурӯғи туро бидонад, вақти он гузаштааст.

Барои ман дигар фарқе надорад, ки мову ту кӣ будем.

Ман шаҳодати гуноҳеро, ки

Ту кардӣ, дорам.

Шояд ту банди аспатро раҳо кардӣ.

Вале хатои хеле калон ин аст, ки ту дурӯғ гуфтӣ.

Рафтори ту таҳқиромез аст.

Вале бештар аз ҳама ту худатро таҳқир кардӣ.

Дигар барои ту ҷое дар канори ман нест.

Бо оне бирав, ки бо ӯ хушгузаронӣ кардӣ.

Бигузор зару зеварат кӯмак кунад,

Барои ман мурдаву зиндаи ту дигар фарқ надорад."

Шайх Муҳаммад дар ҷаҳони араб бо шеърҳояш ҳам ном баровардааст. Ӯ бисёр вақт ба маъракаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии Ховари Миёна бо пораҳои шеъраш таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.

Вале шеъре, ки тарҷумаашро нашр кардем, дар ҷаҳони араб бо вокунишҳои баҳсбарангез рӯбарӯ шуд: фош кардани ҷузъиёти баҳси ахлоқӣ бо ҳамсаре, ки бо ӯ дар остонаи талоқ қарор дорад ва ҳам ишора ба он ки ҳамсараш як маъшуқе доштааст, барои як марди араб ҳадди аққал ғайримаъмулист. Вале аз назари онҳое, ки зиндагиномаи шайхи Дубайро медонанд, заминаҳое барои шубҳа кардан ба самимияти ӯву шеър ва иддаоҳояш вуҷуд дорад.

Моҷарои Латифа, духтари ҳоким

Шоҳдухтар Ҳаё аввалин нафаре нест, ки аз хонаводаи шайх фирор мекунад. Феврали соли 2018 Латифа - яке аз духтарони шайх аз хонуми алҷазоирияш талош кард, аз қаср фирор кунад. Ӯро нерӯҳои вижаи Имороти Муттаҳидаи Араб савори киштие дар соҳилҳои Ҳинд боздошт карданд ва маҷбур ба хонааш оварданд. Ҷузъиёти ин қисса ҳам метавонист пинҳон монад, вале ба интернет як видеое роҳ ёфт, ки дар он Латифа дар бораи "зиндони тиллоии худ" нақл кард. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ интихобе надорад ва дар хона ҳам мавриди хушунат аст ва сабабгори ин ҳама падараш мебошад.

Созмони байналмилалии Human Rights Watch чандин бор талош кард, ки аз сарнавишти Латифа иттилоъ бигирад, вале ин ҳама бенатиҷа буд.

Ҳаё бинт ал-Ҳусайн ба иловаи ҳама мақомҳои дигараш сафири ҳусни нияти СММ мебошад. Декабри соли гузашта дар пасманзари сарнавишти норӯшани шоҳдухтар Латифа, Ҳаё дӯсти наздики худ ва собиқ президенти Ирландия Мерӣ Робинсонро ба Дубай даъват кард ва мулоқоти ӯву Латифаро фароҳам овард.

Ин замоне буд, ки давоми чандин моҳ дар бораи сарнавишти Латифа ҳеҷ иттилое набуд ва дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амният ва саломатии ӯ изҳори нигаронӣ шуд. Чанде баъд Робинсон аксҳои худ ва Латифаро чоп кард ва Латифа дар ин аксҳо дар ҳолати ҳайрону ғамзада намудор гашт. Ин кори собиқ президени Ирландия ва ҳам шоҳдухтар Ҳаё мавриди интиқод шуд ва онҳоро дар як рекламаи сиёсӣ айбдор карданд.

Дар як мусоҳибаи охирини нашршудааш дар таърихи 5 январ Ҳаё гуфтааст, ки агар тасдиқ шавад, ки шавҳараш Муҳаммад бо духтараш Латифа муносибати баде раво дидааст, аз ҳимояти ӯ даст мекашад.

Баъди ин худи ӯ ҳам дигар дар мазҳари ом пайдо нашуд. Бори аввал дар ҳаёташ ӯ дар ҷашни ҷаҳонии асптозии Royal Ascot, ки дар Бритониё барпо мешавад, ширкат накард. Худи шайх Муҳаммад дар ин маърака ҳозир шуд ва бо маликаи Бритониё Елизавета ҳам акс гирифт. Шеъри ӯ дар бораи гӯё хиёнат кардани ҳамсараш ҳам дар рӯзи охири сабқат чоп шуд.

Як ходими қасри Дубай, ки ба Латифа наздик аст ва барои фирори Ҳаё ҳам кӯмакҳо кардааст, ба таври махфӣ ба матбуоти ғарбӣ гуфтааст, ки фирори зани шаҳрдори Дубай бо ҳадафи наҷоти кӯдакон аз дасти падар ва шавҳари золим сурат гирифт.

Боз як қазияи фирори бону

Хабарнигорон инчунин қиссаи як духтари дигари шайх Муҳаммадро ёдовар мешаванд, ки соли 2000-ум рух додааст. Духтараш Шамс ал-Мактум зӯран аз қасри оилавии онҳо дар минтақаи Сурреи Ҷануби Бритониё рабуда ва ба ватан оварда шуд. Вакили дифои ҳомии ҳуқуқи Шамс ва ҳам Латифа, ки аз ҳуқуқи инсонии онҳо ҳимоят мекунад, як сол аст, ки талош дорад дар додгоҳи Бритониё муҳокимаи қазияи ҳаққи бозгашти Шамс ба Бритониё ва маҷбур кардани Дубай барои иҷрои ин талабро ба баррасӣ гузорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар парвандаи судие, ки шоҳдухтар Ҳаё дар додгоҳи Лондон роҳандозӣ мекунад, метавонад дар ниҳоят ба Шамс ва Латифа ҳам ёрӣ кунеад. Ӯ гуфт, ки шоҳдухтар Ҳаё бояд дар бораи як падари хатарнок будани шавҳараш дар додгоҳ ошкоро баёнот диҳад.

Фирори пурмоҷарои Ҳаё ба обрӯи Дубай ва кулли Имороти Муттаҳидаи Араб зарба мезанад, чун ин кишвар ба унвони нуқтаи муҳими ҷалби тиҷорати байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Вале ин кишвар солҳои охир бештар аз он ҷиҳат мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт, ки дар он, ба фарқ аз дигар салтанатҳои нафтии Халиҷи Форс қонунҳои манъкунандаи зӯровариву хушунат нисбати зан аслан вуҷуд надорад. Масалан, дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Уммон, Кувайт ва Баҳрайн қонунҳои сахти муҷозоткунандаи мардон барои зӯроварӣ нисбати занон амал мекунанд.

Дархости зан барои талоқ ва ҳам шикоят аз хушунат дар додгоҳ ҳамчун асос гирифта намешавад. Кӯдакон баъди талоқи волидон ба тарбияи падар мегузаранд ва зани ҷудошуда то замони ба балоғат расидани фарзандон ҳаққи тарбияи онҳоро дораду халос. Агар шавҳар кард, аз ин ҳақ маҳрум мешавад.

Ҳоло агар шоҳдухтар Ҳаё, ки дар хиёнат ба шавҳар ва хиёнат гунаҳгор шудааст, бихоҳад, ки дар Дубай додхоҳӣ кунад, ҳеҷ шонсе барои дар дасти худ нигоҳ доштани кӯдаконро надорад.

Агар ба Урдун бармегашт, ба эҳтимоли ғолиб бародараш шоҳи Урдун ҳам зери фишори Имороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои арабӣ ӯро дубора ба Дубай мефиристод.

Чанд рӯз пеш чанд зани дигар аз хонаводаҳои сарватманду маъруфи Иморот ба унвонии додгоҳи Лондон номаҳои видеоӣ фиристода дар бораи вазъи бадашон дар хонаҳои шавҳарони зӯргӯ шикоят кардаанд.

Александр ГОСТЕВ

Асли матлаб дар торнамои Радио Свобода

XS
SM
MD
LG