Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар ним сол ба Афғонистон 1 млрд квт/соат барқ фурухтааст


I
I

Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба Афғонистон ҳудуди 1 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ содир карда, қасд дорад, то охири сол ин рақамро то ба 1,5 миллиард бирасонад. Ҳамзамон бо мусоидати молии созмонҳои молии байналмиллалӣ Тоҷикистон тасмим гирифтааст ҳудуди 135 рустои ҳаммарзи Афғонистон бо вилоятҳои Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад.

Интизор меравад, Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Олмон сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар рӯдхонаи Шохдара дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бо маблағи 55 миллион доллар сармоягузорӣ кунанд. Сохтмони ин нерӯгоҳ оғоз шуда, қарор аст то 80 дарсади нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ тавассути хатҳои интиқоли нерӯи барқи ширкати “Помир энержӣ” ба Афғонистон содир шавад. Ин нуктаро Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 15-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе эълон кард. Вай гуфт, тӯли моҳҳои ахир дар ин замина бо созмонҳои молии байналмиллалӣ музокирот идома дошта, тавофуқи ниҳоӣ ба даст омадааст.

Соли гузашта дар канори Афғонистон Тоҷикистон ба Узбекистон низ ҳудуди 1,5 миллиард киловатт/соат нерӯи барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои ҳар як киловатт содир карда буд.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳамарӯза ширкати “Барқи тоҷик” ба зеристгоҳи “Сурхан” дар ҷануби Узбекистон 10-12 миллион киловатт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳад. Ин миқдор барқро Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзҳои худ дар истгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд мегирад.

Аз сӯи дигар, ба далели гармои шадид дар минтақа Тоҷикистон тасмим гирифтааст аз обанбори “Қайроққум” ба Узбекистон ва Қазоқистон то 300 метри мукааб об дар як сония бештар интиқол диҳад. Ин миқдор обро тибқи созишнома ҷониби Қазоқистон дар фасли сармо бо интиқоли 14 миллион киловатт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз ҷуброн мекунад.

XS
SM
MD
LG