Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина қонуни нави забон ба иҷро даромад. Русия ҷаласаи изтирории Шӯрои амниятро даъват кард


15 май Петро Порошенко қонуни нави забонро имзо кард
15 май Петро Порошенко қонуни нави забонро имзо кард

Дар Украина шурӯъ аз 16 июл қонун дар бораи забони давлатӣ, ки ду моҳ пеш аз тарки мақом кардани президенти собиқ Петро Порошенко қабул шуд, ба иҷро даромад. Қонуни давлатӣ забони украиниро «танҳо забони расмӣ дар Украина» унвон мекунад. Қонун мегӯяд, ки «талоши» ба ҳайси забони давлатӣ муаррифӣ кардани «дигар забонҳо» ба маъно талоши «ба таври зӯр тағйир додани конститутсия» арзёбӣ мешавад. «Таҳқири ҷамъятии забони украинӣ» бар асоси кодекси ҷиноӣ муҷозотро пешбинӣ мекунад. Дар қонун телевизионҳои давлативу хусусӣ вазифадор шудаанд, ки миқдори муайяни барномаҳоро ба забони украинӣ таҳия карда, нисфи матолиби матбуот ҳам бояд ба украинӣ чоп шавад.

Мақомдорони аршади давлатӣ, аз ҷумла, президенти Украина, раиси парлумон, вакилони маҷлис, вазирон, раҳбари хадамоти амнияти давлатӣ, додситони кулл, раиси Бонки миллӣ ва дигарҳо бояд озод ба забони украинӣ сӯҳбат кунанд. Забони украинӣ дар санадҳои расмӣ, аз ҷумла, дар додгоҳ, интихобот ва созишномаҳои байналмилалӣ бояд ҳатман риоя шавад. Забони украинӣ барои 67 дарсади аҳолии иборат аз 45 миллион ҷамъияти Украина ва забони русӣ барои 30 дарсади украиниҳо забони модарӣ мебошад. Русия барои баррасии қонуни нави забони Украина дар Шӯрои амнияти СММ як ҷаласаи изтирорӣ даъват кард. Президенти амалкунандаи Украина Владимир Зеленский, ки 20 май савганд ёд кард, қонуни навро барои «маҳдудият ва муҷозот»-аш интиқод кард ва гуфт, ки он ҷараёни бюрократии корро заъиф ва шумори мақомотро «ба ҷои кам кардан зиёд мекунад».

XS
SM
MD
LG