Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Nestle имконияти харидории маҳсулоти кишоварзони қирғизро меомӯзад


Kyrgyzstan, fruits, agriculture. 2017
Kyrgyzstan, fruits, agriculture. 2017

Тилек Токтоғозиев, соҳибкор ва муассиси ширкати кишоварзии "Жашил Чарба" бо ширкати швейтсарӣ, яке аз бузургтарин тавлидкунандагони маҳсулоти ғизоии дунё Nestle мехоҳад, ҳамкорӣ ба роҳ монад. Ба гуфтаи вай, Nestle ҳавасманди харидани маҳсулоти кишоварзии Қирғизистон аст.

"Ба роҳ мондани гуфтугӯ бо Nestle пешравии бузергест. Гардиши савдои ширкат 290 млрд долларро ташкил медиҳад ва ин ширкат ҳамасола то 14 млрд доллар даромади соф дорад. Масъулони ширкати мазкур эътироф карданд, ки маҳсулоти кишоварзии Қирғизистон босифат аст", - гуфт Тилек Токтоғозиев.

Айни ҳол ҷониби Қирғизистон ҳисобу китоб дорад, ки кишоварзон кадом навъи маҳсулот ва дар кадом ҳаҷмро метавонанд, барои Nestle муҳайё кунанд.

"Мо ҳамасола картошкаи зиёд ба даст меорем, ки бештари он дар дохили кишвар мемонад ё бо нархи арзон мефурӯшем. Аз ин ҳисоб кишоварзон зиён мебинанд. Метавонем, ин маҳсулотро ба Nestle пешниҳод кунем", - гуфт Токтоғозиев.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон бештар аз 400 ҳазор кишовар фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG