Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар гаштугузори Зариф дар Ню-Йорк


Фарҳон Ҳаққ, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 15-уми июл аз ҷорӣ ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар гаштугузори Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар шаҳри Ню-Йорк, ибрози нигаронӣ кардааст.

Муҳаммадҷавод Зариф шаби якшанбе барои ширкат дар нишасти Шӯрои иқтисодӣ-иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид вориди Ню-Йорк шуд. Пештар гузоришҳое дар мавриди таҳрими вазири умури хориҷии Эрон аз сӯи Амрико матраҳ шуда буд. Аммо рӯзи гузашта эълом шуд, ки вазири умури хориҷии Амрико иҷозаи судури виза барои Муҳаммадҷавод Зарифро додааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", як мақоми вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, Муҳаммадҷавод Зариф танҳо иҷозат дорад, ки дар қаламрави байни фурудгоҳи Ҷон Кеннеди, дафтари намояндагии Эрон дар СММ, маҳали иқомати намояндагии Эрон ва бинои СММ дар Ню-Йорк, рафтуомад кунад.

Фарҳон Ҳаққ мегӯяд, Созмони Милали Муттаҳид ба намояндагиҳои Амрико ва Эрон дар тамос аст ва нигаронии худро дар ин замина ба Амрико -- мизбони Созмони Милали Муттаҳид, матраҳ кардааст.

Як мақоми вазорати умури хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда барои Муҳаммадҷавод Зариф комилан бо созишномаи Амрико ва СММ дар соли 1948, мутобиқат дорад.

Рӯзи гузашта Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар мусоҳиба бо "Вашингтон пост" гуфта буд, вақте дипломатҳои амрикоӣ иҷоза надорад ба Теҳрон бираванд, мо ҳам далеле барои гашту гузори озодонаи дипломатҳои эронӣ дар Ню-Йорк намебинем.

Майк Помпео дар идома Муҳаммадҷавод Зарифро муттаҳам кардааст, ки аз озодиҳои мавҷуд дар Амрико барои нашри таблиғоти "вайронкорона" истифода мекунад. Вай изофа кардааст, ки Муҳаммадҷавод Зариф сухангӯи як "ҳукумати истибдодӣ" аст ва онҳо озодии баёнро саркӯб мекунанд.

Вазири умури хориҷии Амрико дар идома афзудааст, ки вазири умури хориҷии Эрон аз ҳукумате ҳимоят мекунад, ки мухолифонро зиндонӣ мекунад, бо занон ва ақалиятҳои динӣ ба бадтарин шакл рафтор менамояд.

Дар ҳамин ҳол, Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба иқдоми Амрико гуфтааст, "қатъан ҷорӣ кардани маҳдудияти ҳузур дар бархе хиёбонҳои Ню-Йорк, таъсире дар барномаи кории Муҳаммадҷавод Зариф надорад".

Вай изофа кардааст, оқои Зариф "маъмулан дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, намояндагии Эрон ва иқоматгоҳи сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар рафту омад ҳастанд ва ҳама дидорҳо, мусоҳибаҳо ва суханрониҳояшонро дар ҳамин макон анҷом медиҳанд".

Тибқи гузоришҳо, Муҳаммадҷавод Зариф дар ин сафари худ то ба ҳол бо шабакаҳои телевизионии Бӣ-Бӣ-Сӣ ва НБС гуфтугӯҳои ихтисосӣ анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG