Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мудири як ширкати азим дар Русия


Дмитрий Мазуров
Дмитрий Мазуров

Молики собиқи бузургтарин полоишгоҳи хусусии нафт дар Русия гуфт, мудири ин полоишгоҳро дар Маскав дастгир кардаанд. Ширкат “Новий Поток” рӯзи 14-уми май бо нашри як баёния гуфт, Дмитрий Мазуровро маъмурони Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 13-уми июл дастгир кардаанд.

Нашрияи “Коммерсант” навиштааст, ки ӯ ба дуздии се миллиард доллар аз ҳисоби се бонки Русия муттаҳам мешавад. Худи ширкат дар ин бора чизе нагуфтааст. Мақомоти расмӣ сабабҳои боздоштро шарҳ надодаанд. Корхонаи коркарди нафти “Новий Поток” дар гузашта дар ихтиёри ширкати қарздори “Антипински” буд. Ҳаштод дар саҳмияҳои мазкурро моҳи гузашта чанд ширкат, Сбербанк ва сармоягузорони алоҳида хариданд.

XS
SM
MD
LG