Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардер Тил аз хадамоти махсуси ИМА хост, Google-ро санҷанд


Соҳибкори маъруф ва миллиардери амрикоӣ Питер Тил аз Бюрои федеролии тафтишотӣ ва Идораи марказии иктишофи ИМА хост, ширкати Google-ро бисанҷанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ба он ҷосусони чинӣ роҳ ёфтаанд. Тил дар ин бора рӯзи якшанбе дар конфронси муҳофизакорон дар шаҳри Вашингтон суханронӣ кард. Вай узви шӯрои мудирони Facebook ва ҳаммуассиси низоми пардохти онлайнии PayPal аст.

"Кормандони махсус бояд ба раҳбарияти Google се суол диҳанд. Якум, ба бахши ширкат дар Ню-Йорк чи қадар гумоштаи иктишофҳои хориҷӣ роҳ ёфтаанд? Дувум, раҳбарони Google тасдиқ мекунанд, ки ширкат пур аз ҷосусони хориҷӣ аст? Севум, оё воқеан ҳам Google ба хотири вобастагии сахташ аз иктишофи Чин ҳамкорӣ бо артиши Амрикоро рад карда, бо низомиёни чинӣ созишномаи хиёнаткоронаро имзо мекунад?",-суол гузошт миллиардери амрикоӣ.

Соли гузашта хабарҳое нашр шуд, ки гӯиё Google пас аз солҳои тӯлонӣ мехоҳад, ба бозори Чин баргардад ва ҳамчунин гуфта шуд, ширкат тасмим гирифтааст, қарордод бо Пентагонро дар мавриди таҳияи барномае тамдид накунад, ки маълумоти ҷамъоваринамудаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро таҳлил мекунад.

Яке аз омилҳои баҳсбарангез миёни ИМА ва Чин дар моҳҳои ахир фаъолияти ширкати Huawei аст. ИМА ба хотири ҳифзи зербиноии иттилоотию коммуникатсионии худ ҳамкории ширкатҳои амрикоиро бо он манъ кардааст. Вале ахиран хабар дода шуд, ки мавқеъгириҳо зидди ширкати мазкур нармтар шудаанд.

XS
SM
MD
LG