Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Москва тазоҳурот барои интихоботи одилонаро пароканда кард


Дар шаҳри Москваи Русия 14 июл ба ҷонибдорӣ аз номзадҳо ба мақоми вакилии маҷлиси шаҳрӣ дар интихоботи моҳи сентябри имсол тазоҳурот баргузор шуд. Пулис бо истифода аз нерӯ тазоҳуротро пароканда ва бархе аз дастгиршудаҳоро латтукӯб кард.

Ҳудуди сад эътирозгар дар майдони Пушкин ҷамъ омада буданд. Тазоҳурот бо ташаббуси мухолифи рус Алексей Навалний баргузор шуд.

Дар миёни боздоштшудаҳо ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо фасод Любов Собол низ ҳаст. Ӯ пас аз интиқол ёфтан ба шуъбаи пулиси "Лужники" тавонист ба озодӣ барояд, вале кормандони пулис дубора ӯро дар роҳ боздошт карда, ба шуъба бурданд.

Бино ба иттилои "ОВД-Инфо", пулис 38 касро дастгир кард.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG