Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибон аз китоби Бердимуҳаммадов шифо меҷӯянд


Сокинони Туркманистон, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, ҳарчи бештар ба табибони мардумӣ муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҳоле ки хадамоти тиббӣ гарон ва доруҳо дар он кишвар камёфт мешаванд, рӯ овардани сокинон ба табибони мардумӣ меафзояд.

Табибони мардумӣ дар навбати худ аз китоби "Растаниҳои шифобахши Туркманистон"-и президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даво меҷӯянд.

​Бердимуҳаммадов давоми 12 соли президентиаш бештар аз 50 китоб навиштааст. Китоби "Растаниҳои шифобахи Туркманистон" дар он кишвар дар сатҳи расмӣ таблиғ мешавад. Бахши расмии тандурустӣ низ дар Туркманистон аз он китоб истифода мекунад.

Моҳи октябри соли 2018 вазорати тандурустии Туркманистон ба сокинон машварат дод, ки дар асоси дастури китоби президент аз растаниҳои шифобахш чой омода ва ҳамчун дору истеъмол кунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар дорухонаи шаҳри Ишқободи Туркманистон ба далели камбудии дору ба эҳтиёҷмандон рустаниҳои шифобахш пешниҳод мешавад.

XS
SM
MD
LG