Шаби 13 июл дар шаҳраки Петровкаи вилояти Чуйи Қирғизистон ҳангоми ворид кардани маводи мухаддир ба маҳбаси сукунатӣ як марди 25-сола боздошт шуд.
Мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд, аз мард 3 килову 395 грам ҳашиш пайдо ва мусодира шудааст.
Нисбати мард бо моддаи "Ғайриқонунӣ омода кардани маводи мухаддир" парванда боз шудааст. Мақомот мегӯянд, тафтишот идома дорад.