Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсими "Барқи Тоҷик" ба се шоха барои беҳ кардани ҳоли ширкат


Акс аз бойгонист.

Баъд аз даҳ соли баҳсу баррасиҳо дар ниҳоят ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба се бахш тақсим карданд. Бино бар тарҳи ислоҳоти сохтори “Барқи тоҷик” ду бахши дигари он "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва "Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ" минбаъд мустақил кор мекунанд.

Интиқоли барқ ва ҷамъ овардани пули он акнун вазифаи ду ҷамъияти нав аст. Қарорҳои ҳукумат дар ин бора ва таъсиси ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо ин номҳо нимаи моҳи июн қабул шудааст. «Барқи тоҷик» яке аз бузургтарин ширкатҳои давлатии Тоҷикистон ва то «баногӯш» қарздор аст.

Шарифбек Шарифзода, аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол рӯзи 11-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ширкати нав муваққатан дар доираи “Барқи тоҷик” фаъолият мекунанд ва баъдан ҷудо хоҳанд шуд. Онҳоро ҳамчунон давлат мудирият мекунад. Вазифаҳо байни онҳо чунин тақсим хоҳанд гашт: “Барқи тоҷик” бо истеҳсоли нерӯи барқ, корхонаи дуввум бо тақсими он ва корхонаи саввум ба интиқоли барқ машғул мешавад.

Атрофи барномаи ислоҳот ё таҷдиди ширкати “Барқи тоҷик” аз соли 2008 ба ин тараф гуфтугӯҳои зиёде буд. Созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, борҳо ба Тоҷикистон машварат додаанд, ки сохтори "Барқи тоҷик"- ро ислоҳ кунад.

Таҷдиди “Барқи тоҷик” яке аз роҳҳои наҷоти ширкат аз вартаи муфлисӣ гуфта мешавад. "Барқи тоҷик" солҳост барои фаъолияти ношаффоф ва қарзҳояш, ки ҳоло аз марзи 23-миллиард сомонӣ гузаштаанд, танқид мешавад.

Таҷриба муваффақ мешавад, агар...

Тоҷикистон таҷрибаи хусусигардонии бахши энергетикиро дорад, ки ба гуфтаи коршиносон муваффақ ҳам буд. Аз оғози солҳои 2000-ум Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сӯи ширкати нимахусусии “Помир энержӣ” бо барқ таъмин мешавад. Ба фарқ аз дигар манотиқ Бадахшон дар давраҳои мушкилтарин ҳам бе нерӯи барқ намондааст ва ба фарқ аз “Барқи тоҷик” ширкати “Помир энерҷӣ” корашро бо даромад ҷамъбаст мекунад.

Коршиносон борҳо ба ишора ба таҷрибаи ду ширкат, ки дар як соҳа дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ишора карда мегӯянд, аз таҷдид ва хусусигардонии бахши энергетика набояд ҳаросид. Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон инҷо чанд шарте вуҷуд дорад, ки танҳо дар сурати иҷрои он сохторҳои нави буруномада аз батни “Барқи тоҷик” метавонанд муваффақ шаванд. Дар акси ҳол ба таъкиди коршиносон, аз таҷдиди “Барқи тоҷик” чизи ҷиддие дар бахши энергетикӣ интизор шудан бемантиқ аст.

Ғуломиддин Сайфиддинов, мутахассиси бахши энергетика, ки солҳои қабл дар тарҳи таҷдиди “Барқи тоҷик” кор кардааст мегӯяд, нахуст бояд низоми энергетикии Тоҷикистон аз ашхоси тасодуфӣ пок карда шавад. Муҳимтар аз ин ба қавли Сайфиддинов, бояд фасодкорӣ дар ин бахш коҳиш ёбад. “Роҳи ҳалли мушкили “Барқи тоҷик” ин ҳалол кор кардан аст,” - гуфт коршиноси тоҷик. Коршиноси тоҷик борҳо шеваи мудирият, талафоти нерӯи барқ, ҷалби афроди тасодуфӣ барои кор дар “Барқи тоҷик”- ро танқид кардааст. Як корманди собиқи ширкат соле пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои гирифтани ҳаққи барқ ба баъзе аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт муроҷиат мекунанд, аммо соҳибонашон, ки хешовандони мақомоти баландпоя ҳастанд, аз пардохти пул сарпечӣ мекунанд. Ӯ гуфт, баъзе аз онҳо то 200 ҳазор доллар қарздоранд ва ҳеҷ фикри пардохти пули барқро ҳам намекунанд.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, мушкили аслии “Барқи тоҷик” мудирияти нодуруст мебошад. Ба таъкиди Дӯстмуҳаммадиён: “Дар ҳоле, ки тақсимоти ин ширкат бо талаби созмонҳои байналмилалӣ анҷом шуд, аммо боз ҳам ба манфиати манфиатбардорони аслие сурат гирифт, ки беш аз 15 сол аст пушти ширкати “Барқи тоҷик” ҳастанд ва аз он фоида мегиранд. Дар чунин вазъ таҷдид дар “Барқи тоҷик” беҳбудӣ нахоҳад овард.”

Ҳоло маълум нест, ки баъди таҷдиди сохторӣ саҳмияҳои корхонаҳои навтаъсисро ба афроди алоҳида ва ё ширкатҳои хусусӣ мефурӯшанд, ё не. Айни замон маълум аст, ки дар сурати фурӯш онҳое ҳам талабгори ин саҳмияҳо мешаванд, ки “Барқи тоҷик” аз онҳо қарздор аст. Ин ширкати азими давлатӣ аз ҷумла аз “Ориёнбонк” ҳам қарзи зиёде гирифтааст.

“То шаффофият таъмин нашавад”

Мақомоти тоҷик барои ба эътидол овардани вазъи молии “Барқи тоҷик” то ин вақт иқдомҳоеро рӯи даст гирифтаанд. Аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои об ҳоло тарҳеро амалӣ дорад, ки бар асоси он вазъи молии «Барқи тоҷик» бояд беҳтар шавад. Вазорати мазкур бояд талафоти нерӯи барқро камтар кунад ва бо раҳандозии системаи биллингии пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ҷамъоварии маблағҳоро беҳтар намояд. Барои солимгардонии ширкат 1,2 миллиард доллар зарур аст ва мақомот бовар доранд, онро давоми панҷ сол аз ҳисоби худи ширкат ва созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба даст меоранд.

Оҷонси мелиоратсия ва обёрии Тоҷикистон аз ҷумлаи муштариёни “бепули” “Барқи Тоҷик” дастур гирифтааст, ки зина ба зина пули барқро пайдо карда ба ширкат баргардонад. Оҷонсӣ солҳост, наметавонад, пули зиёди барқеро, ки насосҳои обкашӣ бахусус дар ҷануби Тоҷикистон барои обёрии киштзорҳои азим сарф мекунанд, саривақт бипардозад.

Анатолий Колесниченко, муҳандисе, ки таҷрибаи беш аз 30-солаи кор дар Тоҷикистонро дорад, қаблан дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, маҳз ношаффоф будани ҳисоботи “Барқи тоҷик” боис шудааст, ки ин кори он номуваффақ бошад. Иттиҳоме, ки роҳбарияти “Барқи тоҷик” ҳамеша онро рад кардаанд.

Анатолий Колесниченко дар тақвияти гуфтаҳояш аз таҷрибаи ширкати "Помир Энерҷӣ" ёдовар шуд, ки "бинобар ҳисобу китоб ва муҳосиботи шаффоф вазъи молии хуб дорад" ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Шарҳҳоро бинед (32)

XS
SM
MD
LG