Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури генерал Дӯстум дар амалиёти амниятӣ. Бе иҷозаи раиси ҷумҳур?


Абдулрашид Дӯстум дар амалиёте дар Форёб дар соли 2016
Абдулрашид Дӯстум дар амалиёте дар Форёб дар соли 2016

Абдулрашид Дустум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон, ки дер боз дар нишастҳои ҳукумат ширкат намекунад, чанде пеш дар канори нерӯҳои амниятӣ дар амалиёте дар Ҷузҷон дида шудааст.

Атрофиёни ҷангсолори бонуфузи афғон мегӯянд, ӯ барои он дар амалиёт ҳузур ёфт, ки вазъи амниятии вилояти Ҷузҷон пас аз суқути ноҳияи Қушптеппа ба дасти Толибон бадтар шуд. Толибон рӯзи 4-уми июл ин ноҳияро ишғол карда ва фармондеҳи нерӯҳои вазорати дифоъ дар ноҳияро куштанд.

Башир Аҳмад Таянҷ, сухангӯи Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ, ки Дӯстум раиси он аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, муовини аввали раиси ҷумҳур барои ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ дар амалиётҳо дар ноҳияҳои Оқча, Хонақо ва Файзобод ширкат кард. Пеш аз ин Абдулрашид Дӯстум қабл аз оғози кори ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ба унвони муовини аввали раиси ҷумҳур дар чанд амалиёти низомӣ дар вилоятҳои Ҷузҷон ва Форёб ширкат карда буд ва ба гуфтаи худаш, ин гомро бо машварат ва иҷозаи раиси ҷумҳур ва Шӯрои амнияти миллӣ бардошт.

Аммо ҳоло маълум нест, ки барои ширкат дар амалиёти ахир бо раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ машварате дошта ва ё аз ӯ иҷозат гирифтааст, ё не. Башир Аҳмад Таянҷ дар ин бора гуфт: “Назар ба ниёзе, ки ҳузурашон дар он манотиқ пайдо шуда буд, лозим набуд, ки аз касе иҷоза хоста шавад.” Ӯ ҳукуматро танқид кард, ки ба амнияти шимоли Афғонистон таваҷҷӯҳи камтар зоҳир мекунад. Ба гуфтаи Таянҷ, корвони Абдулрашид Дӯстум рӯзи 11-уми июл ҳангоми рафтан ба ноҳияҳои Хонақо ва Файзобод ба камини Толибон афтод, вале дар ин даргирӣ ба Абдулрашид Дӯстум осебе нарасид.

Сухангӯи Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ афзуд, дар сурати зарурат Абдулрашид Дӯстум бо имконоте, ки дар ихтиёр дорад, барои рӯҳия додан ба сарбозон дар амалиётҳои амниятӣ ширкат хоҳад кард. Намояндагони Шӯрои амнияти миллӣ ва дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон нахостанд, бо Радиои Озодӣ дар ин бора сӯҳбат кунанд. Баъзе ҳуқуқдонон мегӯянд, бар асоси қонун, муовинони раиси ҷумҳури Афғонистон бояд қабл аз ширкат дар чунин амалиётҳо бояд аз раиси ҷумҳур иҷоза бигиранд.

Субҳони Мисбоҳ, яке аз ҳуқуқдонони афғон рӯзи 11-уми июл ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт: “Муовини раиси ҷумҳур аст ва бо ӯ ҳамкорӣ мекунад. Ҳарду муовини ӯ салоҳияти зотӣ надорад. Салоҳияте, ки Қонуни асосӣ ба онҳо додааст, тарҳрезӣ аст.” Ба гуфтаи ӯ, дар сурати беморӣ ва ё вазъи ҷиддии дигар, раиси ҷумҳур ба муовинаш ҳақ медиҳад, ки салоҳиятҳои бештаре дошта бошад.

Абдулрашид Дӯстум баъд аз моҷарои таҷовузи ҷинсии яке аз рақибони сиёсиаш Аҳмади Ишчӣ дар миёни мардум камтар зоҳир мешуд. Волии пешини вилояти Ҷузҷони Афғонистон Аҳмад Ишчӣ дар моҳи декабри соли гузашта иддао кард, ки Абдулрашид Дӯстум ва муҳофизонаш ӯро латукӯб кардаанд ва либосҳояшро кашида, вонамуд карданд, ки ба ӯ таҷовуз мекунанд. Бо ин ҳама Башир Аҳмад Таянҷ мегӯяд, Абдулрашид Дӯстум то ахири ҳукумати кунунӣ муовини раиси ҷумҳур мемонад ва қарор аст, ба зудӣ аз Ҷузҷон ба Кобул биёяд.

Абдулрашид Дӯстум, ҷангсолори узбактабори афғон мебошад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ӯро ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои ҷанг бо Толибон муттаҳам мекунанд. Ӯ аз ҷумла ба он муттаҳам мешавад, ки моҳи декабри соли 2001, баъди шикасти Толибон дар Қундуз, тақрибан ду ҳазор ҷангҷӯи Толибро дар дохили контеӣнерҳои оҳанин нигаҳ доштааст ва онҳо нафасгир шуда, ба ҳалокат расиданд. Вале генерал Дӯстум ин иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG