Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даррок: "Трамп ба сабаби хусусӣ аз созиш бо Эрон даст кашид"


Ким Даррок

Сафири собиқи Бритониё дар Вашингтон гуфтааст, ба бовари ӯ раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро фақат ба хотири дар аҳди Барак Обама имзо шудани созиши атомӣ бо Эрон кишварашро аз ин созиш хориҷ кардааст. Дар як мукотиботи махфии дипломатии Ким Даррок ба вазорати умури хориҷии Бритониё омадааст, ки “Амали ҳукумати (Трамп) як харобкории дипломатӣ буд ва сабабҳои идеологӣ ва хусусӣ дошт, чун созиши Обама ба ҳисоб мерафт.”

Мукотиботи махфии Ким Даррок аз моҳи майи соли 2018 рӯзи 14-уми июл ба матбуоти Бритониё роҳ ёфт. Пештар аз ин нашрияи “Mail”-и Бритониё бахши аввали мукотиботи сафири собиқро нашр кард, ки дар он Ким Даррок, ҳукумати Доналд Трампро аз назари дипломатӣ “хом ва нодон” номидааст, ки ба қавли ӯ хубтар намешавад. Доналд Трамп дар посух ба ин Ким Даррокро “аҳмақ ва гаранг” номид ва гуфт, ки дигар бо ин фиристодаи Бритониё ҳеҷ гуна робитае намегирад.

Сафири Бритониё, ки охири сол маъмурияташ ба дар Амрико ба поён мерасид, рӯзи 10-уми июл аз мақомаш истеъфо дод. Бар асоси созиши атомӣ, ки Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ имзо карданд, Теҳрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва дар иваз баъзе аз таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро бардоштанд. Аз созиш хориҷ шудани Амрико танишҳо байни ин кишвар ва Эрон дар як соли гузашта бисёр боло бурд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 23-уми июли соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG