Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Бритониё барои раҳоии нафткаши Эрон


Ҷереми Ҳант

Давлати Бритониё гуфтааст, агар Эрон замонат бидиҳад, ки киштии нафткашаш бар хилофи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба Сурия намеравад, онро раҳо мекунанд. Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷӣ гуфт, ки дар ин бора рӯзи 13-уми июл бо Муҳаммадҷавод Зариф, ҳамтои эронии худ телефонӣ сӯҳбат кардааст.

Ҷереми Ҳант дар Твиттер навишт, ки ба Муҳаммадҷавод Зариф итминон додааст, ки нигаронии онҳо на аз “сарчашмаи нафт, балки ҷоест, ки онро мебаранд.” Ба қавли вазири умури хориҷии Бритониё агар онҳо замонат бигиранд, ки нафтро ба Сурия намебаранд, Бритониё дар раҳоии киштии нафткаш аз Гибралтар кӯмак мекунад.

Иттиҳоди Аврупо баръакси Амрико ба зидли Эрон таҳримот эъмол накардааст, аммо Сурия, шарики Эронро соли 2011 зери таҳримоти иқтисодӣ қарор дорад. Муҳаммадҷавод Зариф дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки умедворанд, баъди таҳқиқи қонунӣ, Гибралтар киштии нафткаши Эронро раҳо мекунад. Нерӯҳои Салтанатии Баҳрии Бритониё, рӯзи 4-уми июл киштии нафткаши Грейс -1-ро дар соҳилҳои Гибралтар, ки қаламрави Бритониёст бо иттиҳоми нақзи таҳримоти иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо боздошт карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Соҳибкори хашмгин муовини раиси ноҳияи Яккабоғи Узбекистонро оташ зад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00
XS
SM
MD
LG