Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия S-400-ро овард ва НАТО-ро нигарон кард


Системаи мудофиаи ҳавоии S-400
Системаи мудофиаи ҳавоии S-400

Баъди интиқоли як бахши системаи дифои ҳавоии S-400- и Русия Марк Эспер, вазири муваққати дифои Амрико бо ҳамтоии турки худ Ҳулусӣ Акар ним соат телефонӣ сӯҳбат кардааст, вале вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида аз ифшои ҷузъиёти гуфтӯгу худдорӣ кард.

Вазорати дифои Туркия гуфт, Ҳулусӣ Акар ба ҳамтои амрикоии худ гуфтааст, «Ба Туркия хатарҳои ҷиддии ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакӣ таҳдид мекунад ва хариди системаи мудофиаи ҳавоӣ аз Русия на як гузина, балки зарурат буд.» Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико дар як баёния гуфт, раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон як гузинаи бисёр равшан дошт, аммо ба гуфтаи кумита «Эрдуғон бадбахтона интихоби нодурусте кард.

Иёлоти Муттаҳида қаблан аз Анкара хоста буд, ба ҷойи системаи S-400, системаи амрикоии «Патриот»-ро бихарад. Вашингтон гуфта буд, ки агар Туркия ин корро накунад, аз хариди ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 маҳрум мешавад. Туркия, яке аз бузургтарин узви НАТО ният дорад, аз ин навъи ҳавопаймо 100 бихарад. Вазорати дифои Туркия гуфт, ки қисмати аввалини системаи русӣ рӯзи 12-уми июл ба Анкара оварда шуд ва бақияи система то чанд рӯзи дигар ба Туркия мерасад.

НАТО ҳанӯз вокунише дар ин бора нишон надодааст, аммо як мақоми ин паймони низомӣ ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ки аъзои паймон нигарони паёмадҳои хариди системаи русӣ ҳастанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи гузашта дар мулоқот бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар шаҳри Осакаи Ҷопон аз ӯ хост, аз хариди системаи S-400 даст бикашад, аммо Эрдуғон гуфтааст, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико ба онҳо иҷозаи хариди системаи “Патриот”-ро надодааст.

XS
SM
MD
LG