Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насрулло мегӯяд, агар байни Амрикову Эрон ҷанг шавад...


Ҳасан Насрулло

Ҳасан Насрулло, раҳбари созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон мегӯяд, бо вуҷуди эъмоли таҳримоти нав ба зидди раҳбарони созмон, Амрико саъй дорад, бо гурӯҳи ӯ роҳи иртибот пайдо кунад. Ӯ рӯзи 12-уми июл ба телевизиони арабизабони “Ал-манор” гуфт: “Ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп кӯшиш дорад ба воситаи миёнаравҳо бо Ҳизбуллоҳ дар Лубнон иртибот бигирад. Воқеъбинони амрикоӣ инҳо ҳастанд.” Ӯ аз ин бештар шарҳ надод. Эрон яке аз ҳомиёни асосии Ҳизбуллоҳ дар Лубнон аст.

Дар ҳамин мусоҳиба Ҳасан Насруллоҳ гуфт, дар сурати ҷанг миёни Амрикову Эрон, Исроил шарики Амрико кишвари “бетараф” шумурда нахоҳад шуд ва мумкин аст, Эрон ба он ҳамла кунад. Ӯ афзуд, “Эрон қодир аст, Исроилро бо тавоноиву қудрат бомбборон кунад. Вақте амрикоиҳо бифаҳманд, ки ҷанг метавонад, Исроилро аз байн барад, мулоҳиза хоҳанд кард.” Вазорати умури хориҷии Амрико ҳанӯз ба баёнияҳои Ҳасан Насрулло вокунише накардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG