Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модарони серфарзанди Нурсултон манзили зист талаб доранд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон субҳи 12-уми июл даҳҳо модари серфарзанд ва кӯдакони маъюб дар гулгашти "Нурли жол" ҷамъ омада, аз мақомот ҳалли мушкили манзилҳои зистро талаб карданд.

Кормандони таъйиноти махсуси пулиси пойтахти Қазоқистон пеши роҳи эътирозгаронро бастанд, ки мехостанд, ба самти бинои ҳукумат ва қароргоҳи президент бираванд.

Масъулони ҳукумат ва шаҳрдории Нурсултон ба назди занон баромада, исрор карданд, ки ба бино дохил шаванд. Муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Светлана Жакупова аз ҷамъшудагон хост, барои мулоқот бо масъулони шаҳрдорӣ ба бино ворид шаванд.

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон низ модарони серфарзанд бо талаби ҳамсон ҷамъ шудаанд.

Эътирози модарони серфарзанд дар Қазоқистон аз моҳи феврали соли равон, пас аз ҳалокати панҷ хоҳар дар сӯхтори кулбаи муваққатие идома дорад. Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пасманзари эътирозҳои аввал ҳукуматро ба истеъфо фиристода буд. Вале эътирозгарон мегӯянд, бо вуҷуд мушкили онҳо ҳал нашудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG