Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон - боздошт ё "нопадидшавӣ"?


Мақомоти тоҷик расман тасдиқ карданд, ки як шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми қочоқи тамоку боздошт шудааст. Аммо наздикони Газибек Мейлибаев мегӯянд, ӯро коршарикони тоҷикаш "дуздидаанд".

Дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфараи ҳаммарз бо Қирғизистон рӯзи 12-уми июл расман ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Газибек Мейлибаев аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ба қавли мақомоти шаҳри Исфара, боздошти Мейлибаев "сад дар сад қонунӣ мебошад". "Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамтоёни худ аз Қирғизистонро дар бораи боздошти ин шаҳрванд огоҳ кардаанд",-гуфт манбаъ.

Дар ҳукумати шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Газибек Мейлибаев ба қочоқи тамоку дар ҳаҷми 30 ҳазор доллар муттаҳам дониста мешавад. Мейлибаев феълан дар боздошт мебошад ва аз рӯи иттиҳом ӯро то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар бораи боздошти Газибек Мейлибаев нахуст расонаҳои қирғиззабон хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, Газибек Мейлибаеви 27-сола, сокини деҳаи Достук дар наздикии марзи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта нопадид шуд.

Наздикони ӯ ба мақомоти милитсияи Қирғизистон шикоят кардаанд, ки Мейлибаев аз сӯи коршарикони тоҷикаш "дуздида шудааст". Ба гуфтаи наздикони Мейлибек Газибаев, гӯё коршарикони тоҷикаш ӯро барои гирифтани маблағ даъват карданд, вале ӯ дубора бознагашт. Иттиҳоме, ки мақомоти Тоҷикистон онро беасос медонанд ва мегӯянд, Газибаев даст ба қочоқи тамоку зад ва ба ин хотир боздошт шуд.

Муҳаббат Темирбаева, модари Газибек ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, бо гузашти як ҳафта аз боздошти писараш ӯро надидаанд. "Ман фаҳмидам, ки одамони ношинос дастони писари маро ба пушт баста, ӯро ба ҳудуди Тоҷикистон бурданд. Ман ба онҷо рафтам ва ба милиса, марзбонон ва кормандони гумрук муроҷиат кардам. Вале касе дар ин бора чизе намедонад. Акнун фаҳмидем, ки ӯро боздошт кардаанд. Ман дидам, ки дар мошини вай рақамҳои Тоҷикистон насб шудаанд"-гуфтааст Муҳаббат Темирбаева.

Сулаймон Темирбаев, падари Газибек Мейлибаев ҳам ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки дар замини наздиҳавлигиаш тамоку кишт мекард, аммо намедонист, ки ин навъ маҳсулот дар Тоҷикистон қочоқ ба ҳисоб меравад.

"Писари ман қонунро вайрон накардааст. Мо фақат теъдоди зиёди тамокуро дар хонаамон захира мекардем, вале шарикони тоҷикистонӣ онро бо худ мебурданд. Ҳамон рӯз ҳам писарамро даъват карданд, ки маблағи тамокуро ба ӯ диҳанд. Табак як моли хоҷагии қишлоқ дониста мешавад. Мо намедонистам, ки дар Тоҷикистон ин моли қочоқӣ ба ҳисоб меравад",-афзуд падари шаҳрванди боздошшудаи Қирғизистон.

Падари Мейлибек Газибаев иддао кардааст, писараш маҳсулоти тамокуро бо худ ба марз намебурд. Баъд аз муроҷиати наздикони Газибек Мейлибаев мақомоти қирғиз гуфтаанд, ӯ дар боздоштгоҳе дар шаҳри Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб 519 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Мақомоти ҳарду тараф мегӯянд, маҳз пурра муайян набудани марз баъзан боис мешавад маҳсулот тариқи қочоқ ба кишварҳои ҳамдигар ворид шавад.

XS
SM
MD
LG