Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Зеленский вазъ дар Донбассро баррасӣ карданд


Президенти Русия Владимир Путин бори нахуст бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский суҳабт кард. Раҳбарони ду кишвар дар ин гуфтугӯи телефонӣ вазъ дар шарқи Украинаро баррасӣ ва табодули афкор намуданд.

Онҳо ҳамчунин имкони гуфтугӯ дар "шакли нормандӣ"-ро баррасӣ карданд. Пештар Путин барои гуфтугӯ бо Зеленский шартҳоеро дар миён гузошта буд. Ба гуфтаи ӯ, баргузории мулоқоти нави раҳбарони кишварҳои "чаҳоргонаи нормандӣ" танҳо пас аз интихоботи порлумонӣ ва ташкили ҳукумати нави Украина имкон дорад. Путин ҳамчунин гуфт, зидди тавсеаи шакли гуфтугӯҳо нест.

Дар "шакли нормандӣ" раҳбарони Фаронса, Олмон, Украина ва Русия вазъ дар Донбассро баррасӣ мекарданд. Зеленский пешниҳод кард, ки бо иштироки ИМА дар шаҳри Минск гуфтугӯҳои нав оғоз карда шавад.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар вокуниш ба пешниҳод гуфт, Зеленский ин масъаларо ба ҷои дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук матраҳ кардан "аввал бояд бо Москва баррасӣ мекард".

XS
SM
MD
LG