Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: "Эҳтимол дорад, зидди ман аз "нерӯ" кор бигиранд"


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки бори дувум аст, ба бозпурсӣ даъват мешавад, 11-уми июл дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, эҳтимол дорад, мақомоти кишвараш зидди ӯ аз "нерӯ" кор бигиранд.

Вакили дифои Отамбоев -- Сергей Слесарев изҳор дошт, ки шахси зери ҳимояаш барои бозпурсӣ ба идораи тафтишотӣ нахоҳад рафт, зеро ӯ то ҳол соҳиби унвони президенти пешини Қирғизистон аст. Ба гуфтаи ӯ, қарори порлумони Қирғизистон дар бораи маҳрум кардани Отамбоев аз унвони мазкур хилофи Конститутсияи ин кишвар қабул шудааст.

"Ҳадди ақал дар кишвар бояд як кас намунаи мубориза бо беқонуниро нишон бидиҳад. Ба ин худсариҳо бояд хотима бахшида шавад",-иқтибос овардааст бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз суханони Отамбоев.

Отамбоевро дар доираи кадом парванда бозпурсӣ карданианд, расман хабар дода намешавад. Вале вакили дифоаш мегӯяд, даъватҳо ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев рабт доранд.

Порлумони Қирғизистон 27-уми июн Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум ва Додситонии кулли ин кишвар онро ҷонибдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG