Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Сурияро шикаст дод


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» тими миллии Сурияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Бозии даври дувуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Сурия шаби чоршанбеи 10-уми июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон, дар варишгоҳи «ЕКА Arena», доир гардид.

Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 46-ум Комрон Турсунов бо зарбаи сахту нишонрас аз масофаи дур ва берун аз ҷаримагоҳи мунтахаби Сурия боз кард. Тӯби дувумро Илҳомҷон Баротов дар дақиқаи 67-ум аз дохили ҷаримагоҳ ба дарвозаи суриягиҳо ворид намуд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бар тими мизбон – Ҳиндустон - бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда буд. Футболбозони тоҷик дар даври севум 15-уми июл бо тими миллии Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқаи мазкур мунтахаби Сурия бар тими миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби бузурги 5:2 ғолиб омад.

Лар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Мунтахаби Сурия бо се имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. Вале тимҳои миллии Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ, ки танҳо як бозӣ анҷом додаанд, бидуни имтиёз мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро ишғол менамоянд.

Бозии дигари даври дувуми мусобиқа рӯзи шанбеи 13-уми июл миёни дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон, ки бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаб – Кореяи Шимолӣ, Сурия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон - аз рӯи системи даврӣ сурат гирифтааст, аз як давра иборат аст, яъне дастаҳо бо ҳам якборӣ рақобат менамоянд.

Баъдан аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба финал мебарояд. Бозии ниҳоӣ 19-уми июл доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «ЕКА Arena»-и Аҳмадобод соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) шуруъ мешаванд.

Ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки сармураббиаш мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев мебошад, як давраи омодагӣ ба марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешавад, ки моҳи сентябри имсол оғоз меёбад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадободи Ҳиндустон

Даври 1-ум

7 июл (якшанбе)

Ҳиндустон – Тоҷикистон – 2:4

Голҳо: Сунил Четрӣ, 4 – аз пеналтӣ (1:0). Сунил Четрӣ, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 58 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 75 (2:4).

7-уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 7293 тамошобин.

8 июл (душанбе)

Сурия – Кореяи Шимолӣ – 5:2

Даври 2-юм

10 июл (чоршанбе)

Тоҷикистон – Сурия – 2:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (1:0). Илҳомҷон Баротов, 67 (2:0).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов (Отабек Каримов, 87), Илҳомҷон Баротов (Нозим Бобоҷонов, 90+2), Комрон Турсунов (Шарафҷон Солеҳов, 84), Эҳсони Панҷшанбе (Алишер Баротов, 90+5), Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 73).

Сурия: Иброҳим Алма, Абдулло Ал-Шамӣ, Ҳасан Абу Зайнаб (Муҳаммад Фарес Ал-Арнаут, 71), Имрон Ҷаннат (Юсуф Ал-Ҳамвӣ, 79), Абдул Раззоқ Ал-Муҳаммад (Фирас Ал-Хатиб, 55), Вард Ал-Сламҳ, Шодӣ Ал-Ҳамвӣ, Аҳмад Ал-Аҳмад (Моҳир Даабул, 77), Тамер Хаг Муҳаммад, Муҳаммад Аназ (Халид Курдуғлӣ, 55), Муҳаммад Ал-Мармур (Муҳаммад Ал-Аҳмад, 70).

Огоҳӣ: Моҳир Даабул (Сурия).

Бозигари беҳтарини дидор: Рустам Ятимов (Тоҷикистон).

Сардовар: Раҳул Кумар Гупта (Ҳиндустон).

10 –уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 732 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

6-2

6

2

Сурия

2

1

0

1

5-4

3

3

Ҳиндустон

1

0

0

1

2-4

0

4

Кореяи Шимолӣ

1

0

0

1

2-5

0

13 июл (шанбе)

Оғози бозӣсоати 19:30

Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ

Дари 3-юм

15 июл (душанбе)

Оғози бозӣсоати 19:30

Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон

16 июл (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Ҳиндустон – Сурия

Финал

19 июл (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 19:30

Эзоҳ: замони оғози бозиҳобо вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG