Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷемӣ Флай президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъйин шуд


Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) Ҷемӣ Флайро президент ва мудири иҷроии ин коргоҳ эълом дошт. Вай аз 1 августи соли равон ба кор сар мекунад.

“Ҷемӣ барои сарварӣ ба RFE/RL дар ин давраи ҳалкунанда як гузинаи ғайриодӣ ва хеле хуб аст,” гуфт Кэн Вейнштейн, раҳбари шӯрои Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида (USAGM). “Рисолати RFE/RL дар пешниҳоди хабарҳои дуруст ба муштариёни ниёзманди маълумот ва таҳлилҳои поядор бар факт аз ҳарвақта дида ҳаётитар аст. Фаҳми Ҷемӣ аз сиёсати ҷуғрофӣ, шӯри ӯ барои ҳуқуқи инсон, равобиташ дар Вашингтон ва саросари ҷаҳон ӯро ба гунаи ормонӣ муносиби раҳбарии шабакае кардаанд, ки муҳтавои дараҷаи олиро рӯйи ҳама платформаҳо дар Аврупои Шарқӣ, Авруосиё, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва Эрон ба муштариён мерасонад.”

Ҷаноби Флай, пешгоми мафкураи сиёсати хориҷӣ ва мудири озмудашуда, ҳоло Ҳамкори Аршади Бунёди Маршали Иёлоти Муттаҳида дар Олмон аст. Илова бар ин ӯ Мудири барномаҳои Ояндаи ҷуғрофиёи сиёсӣ ва Осиёи ин созмон ва Ҳамраиси Паймони фароатлантикии амнияти демократия мебошад. Қаблан Флай ҳамчун корманди аршади Конгресси Иёлоти Муттаҳида, Шӯрои амнияти миллӣ ва Вазорати дифои ИМА кор кардааст.

“Ман аз чунин имконияти сарварии RFE/RL ҳисси ифтихор мекунам,” гуфт Флай. “Кормандони RFE/RL дар саргаҳи ҷабҳаи расондани хабар ва маълумоти озод ба онҳоеанд, ки беш аз ҳама ниёзманди онанд. Ман пешвози он меравам, ки вакил ва ҳомии онҳо дар рисолати арзишмандашон бошам.”

Бино ба қарори Шӯрои мудирони корпоратсия аз 1 август гирифта, ноиб-президент Дейзӣ Синделар, ки аз моҳи декабри соли 2018 ба ин сӯ иҷрокунандаи вазифаи президент буд, сардабири RFE/RL мешавад. Вай дар ин мақом Ненад Пейичро иваз мекунад. Синделар аз соли 2001 инҷониб вазифаҳои гуногуни раҳбариро дар ширкат ишғол карда, аз ҷумла мудири минтақаӣ ва раиси шабакаи телевизионии «Настоящее Время», тарҳи муштараки RFE/RL ва "Садои Амрико" буд. Ӯ забони русиро медонад. Пеш аз он ки ба RFE/RL ба кор биёяд, хабарнигор ва сардабир дар Русия буд. Раиси USAGM Джон Лэнсинг аз кори Синделар ва Пейич сипосгузорӣ кард. Вай гуфт бовар доард, ки "Ҷемӣ ва Дейзӣ фасли тозаи наворварӣ ва таъсири RFE/RL-ро боз хоҳанд кард.

Пейич аз моҳи декабри соли 2013 сардабири RFE/RL буда, аз 1 октябр то 6 декабри соли 2018 вазифаҳои президентро ба ҷо меовард, аз моҳи марти соли 2014 то июни 2016 мудири муваққати RFE/RL буд. Вай корро дар ин ҷо аз соли 1993 дар Бахши Балкан оғоз намудааст. Пеш аз он дар телевизиони Сараево, аз ҷумла мудири бахши хабарӣ, хабарнигор дар Белград ва мудири барномаҳо буд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо такия ба шабакаи хабарнигорони маҳаллияш ба 34 миллион одам дар 22 кишвар ба 26 забон дар манотиқе, ки озодии матбуот маҳдуд карда мешавад ва расонаҳои маҳаллӣ рушд накардаанд, иттилоъ мерасонад. Видеоҳои онро дар соли 2018 дар Фейсбук ва Ютюб 2,6 миллиард бор дидаанд. Он аз лиҳози касбӣ озод буда, ба воситаи Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида аз Конгресси ИМА таъмини молӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG