Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кирокашҳои қирғизистонӣ дар Екатеринбург коршиканӣ карданд


Дар шаҳри Екатеринбурги Русия рӯзи 9 июл бештар аз сад қирғизистонӣ, ки ронандаи мусофиркашҳои ҷамъиятӣ ҳастанд, корпартоӣ карданд. Онҳо афзоиши моҳона ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатиашонро талаб доранд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, танҳо ронандаҳои қирғизистонӣ ба кор набаромадаанд. Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистону Узбекистон тибқи маъмул кор кардаанд.

Гулбарчин Байимбетова, сухангӯи сафорати Қирғизистон дар Русия гуфт, ки сафир талабҳои қирғизистониҳоро шунидааст. Ба гуфтаи вай, консули Қирғизистон дар Екатеринбург барои ҳалли ин масъала дастур гирифтааст.

XS
SM
MD
LG