Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон сабаби заҳролудшавии сокинонро дар як тӯй эълон кард


Вазорати тандурустии Қирғизистон сабаби заҳролудшавии дастаҷамъии сокинонро дар тарабхонае дар Токмок эълом кард.

Ба иттилои вазорат, дар маҷмуъ 174 сокин барои дарёфти табобати тиббӣ муроҷиат карданд. Аз ин шумор 78 тан дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ташхиси тиббӣ муайян кард, ки сокинон аз ғизо заҳролуд шудаанд.

Тарабхонаи "Мегаполис" бо дастури мақомот муваққатан баста шудааст.

Заҳролудшавии дастаҷамъии сокинон рӯзи 29 июн дар тарабхонаи "Мегаполис" дар маросими издивоҷ рух дод. Дар ин маросим 256 меҳмон ширкат дошт.

Гузоришҳои видеоӣ

Нишасти САҲА: "Рӯзноманигорӣ то рафт кори хатарнок мешавад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00
XS
SM
MD
LG