Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

PEN International Қазоқистонро барои саркӯби эътирозгарон интиқод кард


Созмони байналхалқии PEN International Қазоқистонро барои саркӯби эътирозҳои осоиштаи сокинон танқид ва аз мақомоти он кишвар хост, "барои ҳифзи ҳуқуқи гирдиҳамоиҳои осоишта ва озодии баён фавран чораандешӣ кунанд".

Дар изҳороти созмон, ки рӯзи 9 июл нашр шуд, омадааст, дар рӯзи интихоботи президентии 9 июн ҳазорон сокин "ба хотири изҳори эътирозашон зидди интихобот мавриди таъқиб қарор гирифтанд".

PEN International мегӯяд, "вокуниши мақомоти Қазоқистон ба пайдоиши мухолифони осоиштаву қонунӣ на танҳо беэҳтиромӣ ба ҳуқуқҳои фардӣ ва уҳдадориҳои байналхалқӣ дар бахши ҳуқуқи инсон аст, балки маҷбур кардани мухолифон ба хомӯш будан ва саркӯбсозии норозиён ба хотири ҳифзи қудрат низ ҳаст".

PEN International - эътилофи байналхалқии нависандагон аст, ки соли 1921 таъсис ёфтааст. Яке аз ҳадафҳои ин созмон - ҳимоя аз ҳуқуқ ба озодии баён дар саросари ҷаҳон аст.

То ин замон саркӯби эътирозҳои осоиштаро дар Қазоқистон созмонҳои дигари байналхалқӣ амсоли САҲА, Human Rights Watch ва СММ низ танқид карданд.

XS
SM
MD
LG