Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори The Guardian дар Узбекистон иҷозаи кор пайдо кард


Ҷоанна Лилис, рӯзноманигори бритониёӣ дар Узбекистон иҷозаи кор пайдо кард. Дар ин бора вай дар саҳифаи Твиттер рӯзи 8 июл хабар дод.

Ҷоанна Лилис барои нашрияҳое амсоли The Economist, The Guardian ва Eurasianet мақола менависад. 14 соли охир вай дар Қазоқистон фаъолият дошт. Моҳи ноябри соли 2018 хонум Лилис китоби "Сояҳои торик: асрори паси пардаи сиёсати Қазоқистон"-ро рӯнамоӣ кард.

Ҷоанна Лилис ягона хабарнигори хориҷӣ аст, ки дар Узбекистон сабти ном шуд. 4 июни соли ҷорӣ Авазбек Тоҳиров ба ҳайси хабарнигори Би-би-сӣ дар Узбекистон аз вазорати корҳои хориҷии он кишвар иҷозаи кор гирифт.

Як сол пеш хабарнигори "Садои Амрико" Навбаҳор Имомова ҳам сабти ном шуд. Моҳи апрели имсол хабарнигори сомонаи "Фарғона" Андрей Кудряшов ҳам иҷозаи кор пайдо кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG