Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони Ишқобод ба беморон ташхиси воқеӣ намегузоранд


Дар Туркманистон ҳолатҳои гузоштани ташхиси нодуруст ба гирифторони бемориҳои сирояткунанда афзудааст. Ба гуфтаи сокинон, айни ҳол бемории гул баровардан афзудааст.

"Имрӯзҳо кӯдакон аз бемории гул баровардан ранҷ мекашанд. Давоми се соли охир дар моҳҳои май то охири тобистон кӯдакон дар Ишқобод ба ин беморӣ гирифтор мешаванд",-гуфт як сокини Ишқобод.

Аммо табибон ба кӯдакон гирифтор шудан ба ин бемориро ташхис намегузоранд.

"Табибон мегӯянд, дастури шифоҳие ҳаст, ки бояд бемориҳои сирояткунандаро ташхис нагузорем. Ба ҳамин далел омори дақиқе рӯи даст нест. Ба кӯдакон бештар бемории шадиди роҳи нафас ташхис мегузоранд",-гуфт як сокини Ишқобод.

Мақомоти Туркманистон расман омори бемориро дар он кишвар ошкор намекунанд.

XS
SM
MD
LG