Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қазоқистон гуфт, дар Рӯзи пойтахт 100 касро боздошт кард


Вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев гуфт, 6 июл - Рӯзи пойтахти ин кишвар дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато 100 нафар барои иштирок дар ҳамоишҳои эътирозии беиҷозат боздошт шуданд.

Вале ба гуфтаи вазир, боздоштшудаҳо пас аз суҳбат раҳо шуданд. Бино ба иттилои "Настоящее время", 44 кас бо ҷурми иштирок дар тазоҳуроти беиҷозат ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

Дар Рӯзи пойтахти Қазоқистон, ки 6 июл таҷлил шуд, дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон, Оқтеппа ва Чимкенти он кишвар гирдиҳамоӣ ташкил карданд ва пулис шуморе аз онҳоро боздошт намуд. Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар Алмато гуфт, дар пеши чашми ӯ маъмурони пулис дасти кам 30 касро боздошт карданд.

Аз ҷумла, ду сокини Алмато - Откирхон Мулкибоеви 60-сола ва Хонзода Раимқули 65-сола бо айби иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷозот шуданд. Додгоҳ якеро 15 рӯз ҳабс ва дувумиро ҷарима кард.

Бино ба иттилои мухталиф, танҳо дар шаҳри Алмато наздики 100 одам боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG