Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафҳои сулҳи Афғонистон "роҳи оянда"-ро нишона заданд


Нишасти дурӯза миёни афғонҳо дар Қатар бо тавофуқ дар мавриди қатъи хушунат ва идомаи гуфтугӯҳои сулҳ, ба поён расид.

Замонати таъмини амнияти ҳамаи муассисаҳои дорои аҳамияти умумӣ, ҳифзи ҷону моли мардуми мулкӣ, талошҳо барои коҳиши талафоти ғайринизомиён ва идомаи гуфтугӯҳои сулҳ аз масъалаҳое мебошанд, ки иштирокдорони ин нишаст дар мавриди он ба созиш расиданд.

Дар банди панҷуми ин қатъномаи 5-моддаӣ, ки пас аз 14 соат баҳсҳои амиқ дар поёни нишасти Давҳа содир шуд, омадааст, ки амнияти мактабҳо, мадрасҳо ва донишгоҳҳо таъмин шавад. Дар яке аз бандҳои ин созиш омадааст, ки зиндониёни пиронсол, маъюб ва бемор бояд бидуни ҳеҷ шарте озод карда шаванд.

Дар қатъномаи поёнии нишасти миёни афғонҳо ҳамчунин дар мавриди таъмини ҳуқуқи занон дар бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ дар чаҳорчӯби арзишҳои исломӣ, тавофуқ шудааст. Бар асоси қатънома, барқарории сулҳи доимӣ ва саросарӣ дар натиҷаи музокироти шомил миёни афғонҳо мумкин аст.

Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои сулҳи Афғонистон шаби гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баргузории гуфтугӯ миёни афғонҳоро як дастоварди бузург хонд.

Оқои Халилзод гуфт, "ҳамин, ки маҷлис баргузор шуд, худаш ба назари ман як муваффақияти бузург аст, ки афғонҳо дар як утоқ бо ҳам менишинанд, сӯҳбат мекунанд, дардҳо ва орзуҳои худро бо якдигар дар миён мегузоранд. Ин як гоми ҳатмӣ ва муҳим буд. Хушҳол ҳастам, ки ин гом амалӣ шуд. Ман барои ин конфронс муваффақият мехоҳам".

Нишасти миёни афғонҳо бо ширкати 71 тан аз Афғонистон ва намояндагони Толибон рӯзҳои якшанбе ва душанбеи 7-8 июл бо мизбонии Олмон ва Қатар дар шаҳри Давҳа баргузор шуд. Дар ҳайати Афғонистон сиёсатмадорон, аз ҷумла занон, мақомҳои пешини ҳукумати Афғонистон, аъзои Шӯрои олии сулҳ, чеҳраҳои ҷиҳодии собиқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар шомил буданд.

Як манбаъ дар ҳукумати Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад, шаби гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо паёми худро, ки барои оғози фаврии музокироти сулҳ муҳим аст, аз тариқи намояндагонашон ба нишасти Давҳа фиристоданд.

Дар ин нишаст Нодир Нодирӣ, раиси Комиссияи ислоҳоти идорӣ ва хадамоти мулкӣ ва аз афроди наздик ба раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ, Абдулматин Бек, раиси Идораи мустақили ниҳодҳои маҳаллӣ ва Шаҳрзод Акбар, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, низ иштирок доштаанд.

Нишасти Давҳа миёни афғонҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳудуди ду моҳ қабл ин нишаст дар пойтахти Қатар бинобар ихтилофи ҷонибҳо, баргузор нашуд. Толибон ба феҳристи пешниҳодкардаи ҳукумати Афғонистон эътироз карданд ва ин боиси таъхир дар баргузории ин нишаст шуд. Давоми чанд моҳи аввали соли ҷорӣ чунин нишастҳо дар Русия ва Покистон низ доир шуданд.

Ҳамчунин аз чанд моҳ ба ин тараф миёни Амрико ва Толибон дар Қатар гуфтгӯҳо барои пайдо кардани роҳи ҳали сиёсии бӯҳрони Афғонистон идома дорад. Мақомоти ҳукумати Амрико ва низ Толибон гуфтаанд, ки дар ин гуфтугӯҳо ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза даст ёфтаанд. Аммо натиҷаҳои ин музокирот ҳанӯз ба таври расмӣ эълон нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG