Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии як зан дар робита ба ҳалокати шаҳрванди Нигерия дар Бишкек


Раёсати умури дохилии шаҳри Бишкек дар доираи парвандаи латту кӯби шаҳрванди Нигерия, ки баъдан дар беморхона ба ҳалокат расид, як духтари 25-соларо ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ кард. Духтар гуфтааст, ӯ ҳангоми рух додани ҳодиса бо гумонбар суҳбати видеоӣ дошт.

Ба гуфтаи духтар, гумонбар он рӯз на шаҳрванди хориҷӣ, балки бинои Фурӯшгоҳи марказии Бишкекро ба навор мегирифт ва сабаби барангехтани моҷаро, ки бо латтукӯби зодаи Нигерия анҷомид, ӯ нест.

Рӯзи 2-юми июл дар маркази шаҳри Бишкек як марди ношинос шаҳрванди Нигерияро латту кӯб кард. Шаҳрванди Нигерия дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфта, шаби 5-уми июл ҷон бохт. Пулис бо моддаи "расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" парванда боз кард.

Мақомоти интизомии Қирғизистон гуфтанд, 3-юми июл бо гумони латту кӯб кардани шаҳрванди Нигерия як зодаи вилояти Чуйи ин кишварро боздошт ва барои 2 моҳ ҳабс карданд. Гумонбар ҳангоми бозпурсӣ гуфт, моҷаро ногаҳонӣ сар зада, худи ӯ шаҳрванди Нигерияро намешинохт.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG