Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ингушистон як зан ҷияни хурдсолашро то дами марг шиканҷа кардааст


Дар Ингушистон кӯдаки ҳафтсола Оиша Ажигова, ки дар тарбияи аммааш буд, бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфт. Тавре дертар маълум шуд, аммааш Оишаро бе санади фарзандхонӣ нигоҳубин карда, ӯро пайваста шиканҷа мекардааст.

Муовини сардори Раёсати Вазорати умури дохилии Ингушистон оид ба умури ноболиғон Одам Мургустов гуфт, аммаи Оиша ҳоло бо гумони шиканҷаи ҷияни худ дар боздошт буда, шавҳари ӯ корманди пулис аст.

Ба гуфтаи Мургустов, хонаводаи мазкур даромад доштанд ва кӯдак ба чизе ниёз надошт. Вале чаро модараш аз Оиша даст кашидаву ӯ зери азобу шиканҷаи аммааш ба воя мерасид, дар ҳоли ҳозир маълум нест.

Муовини сардори Раёсати Вазорати умури дохилии Ингушистон оид ба умури ноболиғон афзуд, ки ин хонавода ҳанӯз ду сол пеш дар пулис ҳамчун оилаи номусоид ба қайд гирифта шуда буд.

Дар натиҷаи ташхис муайян шудааст, ки қабурғаҳои кӯдак шикаста, сутунмуҳрааш осеб дидааст. Дар ҳоли ҳозир вазъи ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG