Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба хабарнигор амр доданд, аз Қазоқистон биравад


Жазгул Эгамбердиева
Жазгул Эгамбердиева

Додгоҳи Қазоқистон ба хабарнигори телевизиони Настояшее Время амр дод, кишварро тарк кунад ва ӯро 5 сол аз ҳаққи баргашт ба кишвар маҳрум кард. Додгоҳ рӯзи 5-уми июл гуфт, ки Жазгул Эгамбердиева хабарнигори қирғиз муқаррароти иқомат дар Қазоқистонро риоят накардааст ва 10 рӯз фурсат дорад, кишварро тарк кунад.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки ӯ ба идораи пулис гузориш надодааст, ки бештар аз 30 рӯз мемонад. Телевизиони Настояшее Время гуфт, ки сабабҳои амри додгоҳро таҳқиқ мекунад. Жазгул Эгамбердиева аз рӯзи 3-уми май барои инъикоси интихоботи президентӣ ба Қазоқистон рафт. Интихобот рӯзи 9-уми июн баргузор шуд ва дар он Қосимҷомарт Тоқаев вориси Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешин пирӯз шуд. Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки интихобот бо қонуншиканиҳои зиёд олуда буд.

XS
SM
MD
LG