Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Сурияву Русия барои амалиёт дар ду вилоят


Мушаке, ки партоб шудааст, ошӯбгарон дар Ҳумсро ҳадаф дорад.
Мушаке, ки партоб шудааст, ошӯбгарон дар Ҳумсро ҳадаф дорад.

Як созмони нозири ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Сурия дар охирин таякгоҳи ошӯбгарон дар шимолуғарби кишвар 544 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи Шабакаи Ҳуқуқи Инсон дар Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, дар ин амалиёт, ки ду моҳ пеш оғоз ёфт, Русия ба нерӯҳои давлатӣ кӯмак мерасонад.

Созмони мазкур, ки талафот дар ҷанги Сурияро ҳисоб мекунад, рӯзи 5-уми июл дар бораи қурбониён ба Созмони Милал гузориш дод ва гуфт, низомиёни Русия ва шарикони суриягии онҳо дониста ғайринизомиёнро дар вилояти Идлиб ва манотиқи атрофи он ҳадаф мегиранд. Ин вилоят ҳоло дар дасти ошӯбгарон аст.

Фозил Абдулғанӣ, раиси созмон гуфтааст, ки низомиёни Сурияву Русия теъдоди зиёде аз бемористонҳоро бомборон кардаанд. Моҳи апрел артиши Сурия бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Русия амалиёти васеъеро ба зидди ошӯбгарон дар вилоятҳои Идлиб ва Ҳамо шурӯъ кард.

XS
SM
MD
LG