Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: набераи Назарбоев дар Лондон бо пардохти гарав озод шуд


Расонаҳои бритониёӣ менависанд, Ойсултон Назарбоев, набераи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон рӯзи 4 июл дар додгоҳ гуфт, вай пулисеро нагазидааст, ки қасди пешгирӣ аз худкушии Ойсултонро дошт.

Додгоҳ Назарбоевро бо пардохти гарав аз боздошт озод ва ба бемористон интиқол додааст. Қарор аст, парвандаи Ойсултон Назарбоев 20 марти соли оянда дар додгоҳ дубора ба баррасӣ гирифта шавад.

Расонаҳо менависанд, Назарбоев дар ҳамла ба Росса Сембрук, корманди пулис айбдор мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, ду рӯз пеш аз ин ҳодиса кормандони пулисро ба утоқи хоби Назарбоев дар меҳмонхонаи International Park Plaza Hotel даъват карданд, ки вай "ба айвон баромада, таҳдид дошт, ки худро ба замин мепартояд".

"Назарбоевро дар манзиле дар кӯчаи Тависток боздошт карданд. Онҷо бо кормандони пулис занозанӣ рух дод. Ва яке аз афсарони пулисро сахт газиданд",-гуфт додситон Грегор МакКинлӣ.

Ба навиштаи расонаҳо, Ойсултон Назарбоев талош дошт, худкушӣ кунад ва пулисеро газид, ки мехост, ӯро наҷот диҳад. Расонаҳо менависанд, Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон аст.

XS
SM
MD
LG