Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Отамбоевро дар ғасбкориҳои худсарона айбдор мекунанд


Дар расонаҳои Қирғизистон дар бораи даст доштани ҳамсари президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев дар амалҳои ғайриқонунӣ таҳқиқоти рӯзноманигорие нашр шуд.

Дар таҳқиқот аз ҷумла омадааст, ки Манасбек Арабоев, мудири пешини дастгоҳи президент зидди Раиса Отамбоева, ҳамсари президенти пешин баёнот додааст. Манасбек гуфт, Раиса Отамбоева дар ғасби амволи соҳибкорони чинӣ даст дорад.

Дар ситоди Алмосбек Отамбоев ин иттиҳомро туҳмат унвон карданд. Ба гуфтаи ситод, ин талоши пешгирии иқдомест, ки ҷонибдорони президенти пешин мехоҳанд, амалӣ кунанд. Дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, ки 2 июл нашр шуд, зикр шудааст, соҳибкорони чинӣ дар Қирғизистон бо беқонунӣ мувоҷеҳ шуданд.

Ба иттилои рӯзноманигорон, манзили баландошёнаеро, ки соҳибкорони хориҷӣ сохта буданд, вакили пешини порлумон Рустам Маманов ва соҳибкор Рустам Воинов бо кумаки судяҳо ва дастгоҳи президент аз худ карданд.

Манасбек Арабоев мегӯяд, бо дархости Раиса Отамбоева, ҳамсари президенти вақт маҷбур шуд, иқдоми ғайриқонунӣ анҷом диҳад.

Ҷонибдорони Отамбоев гуфтанд, иттилои нашршуда "бо воқеият созгор нест".

Гузоришҳои видеоӣ

Бахтиёр Иброҳимов аз таронаҳои арзон то ба шӯҳрати "Гулшан"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG