Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муттаҳам ба латукӯби шаҳрванди Нигерия дар Бишкек


Зодаи Нигерия, соли таваллудаш 1985, ки дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон латту кӯб шуд, бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ аст. Аз Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар доданд, ки вай то кунун дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор дорад.

Мақомоти интизомии Қирғизистон гуфтанд, 3 июл бо гумони латту кӯб кардани шаҳрванди Нигерия як зодаи вилояти Чуйи Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

Рӯзи 2 июл дар маркази шаҳри Бишкек як марди ношинос шаҳрванди Нигерияро латту кӯб кард. Шаҳрванди Нигерия дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шуд. Пулис бо моддаи "Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" парванда боз кард.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ба мақомот дастур дод, ки гунаҳкоронро пайдо ва муҷозот кунанд.

XS
SM
MD
LG