Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" гази Туркманистонро 5 соли дигар мехарад


Ширкати русии "Газпром" эълом кард, ки бо ширкати "Туркмангаз" созишномаеро ба имзо расонда, то моҳи июли соли 2024 аз Туркманистон газ хоҳад харид. Дар иттилоияи "Газпром" омадааст, ки ҳаҷми гази харидории он аз Туркманистон солона 5,5 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ду ширкат пештар барои дувуним моҳ созишномаи муваққатии хариду фурӯши газро ба имзо расонда буд.

Русия дар гузашта яке аз харидорони аслии гази Туркманистон буд. Вале дар даҳсолаи ахир ҷои онро Чин гирифт. Гази нисбатан арзони Туркманистон ба Русия имкон дода буд, ки ҳаҷми интиқоли газро ба Аврупо афзоиш диҳад.

"Газпром" соли 2015 эълом кард, ки ҳаҷми харидории гази Туркманистонро аз 10 миллиард метри мукааби солона то ба 4 млрд поин хоҳад бурд. Соли 2016 он харидории гази туркманиро пурра қатъ кард.

Он замон миёни ду кишвар баҳсҳое бар сари нархи газ ба миён омада, ҷонибҳо якдигарро дар нақзи созишномаҳо айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG